Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҳлилгарон мегӯянд, ки қазияи маҳкумияти ду халабон чеҳраи асосии равобити Тоҷикистон ва Русияро бозтоб намуд.

Муносибатҳое, ки аз се соли пеш ба сардӣ гароида буд ва раҳоии халабонҳо низ умеди зиёде ба гарм шудани ин муносибот набахшидааст.

Агарчанд Юрий Попов, сафири Русия дар Тоҷикистон дар вокуниш ба озодии халабонҳо, ки яке аз онҳо шаҳрванди кишвараш мебошад, гуфт, ки ин иқдом аз рӯёрӯии бештар дар равобити ду кишвар ҷилавгирӣ кардааст.

Аммо ба ҳар ҳол ин амр амалӣ шуд ва халабонҳо дигар Тоҷикистонро тарк намуданд, агарчанд қазияи ду ҳавопаймои онҳо ҳанӯз ба ҷо аст, мисле, ки инчунин мушкил дар равобити Русия ва Тоҷикистон ҳам идома дорад.

ҚАЗИЯИ ОШКОР КАРД КИ....

Коршиносон мегӯянд, ки ин қазия чанд уқдаи дигарро низ рӯи об овард ва ошкор кард. Яке заъфи ниҳодҳои давлатӣ дар Тоҷикистон ва омода набудани онҳо ба руёрӯиҳои хоса дипломатӣ аст.

Ниёз Мирзоев, устоди равобити байналмилалӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҳалли дипломатии ин қазия ва пешгирӣ аз сару садо ва ҳимояи манфиатҳои Тоҷикистон таъхир кард. Ва натиҷаи ин таъхир барои Тоҷикистон ба қимати гароне анҷом шуд. Ӯ мегӯяд: «Мақомоти мо, вазорати корҳои хориҷӣ, додситонӣ то надозае таъхир карданд. Бояд вокуниш оҷилӣ мешуд, сареъ посух медоданд. Масалан вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров, изҳор намуд, ки ман ду рӯз боз натавонистам бо ҳамтои тоҷикам суҳбат кунам. Агар мо дафъатан ҷавоб мегуфтем, шояд ин гуна сару садоҳо зиёд намешуданд. Вале мо таъхир кардем ва онҳо аз ин хомӯшии мо нигарон шуданд. Ин бар зарари Тоҷикистон шуд.»

Ба гуфтаи Ниёз Мирзоев, қазияе, ки пушти сар шуд, нақши манфии худро дар муносиботи ду кишвар хоҳад гузошт, аммо равобити ҳасанаи ҷонибҳо дубора беҳбуд хоҳад ёфт. Ва халали ҷиддие дар усул ва бунёди муносибот нахоҳад гузошт.



Хомушӣ ва ё нотавонии ҷониби Тоҷикистон дар ин қазия ба ҳадде буд, ки ҳатто Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур ба шиддат аз хомӯшии Ҳизби худ, ҲХДТ дар ҷаласаи ахири раёсати он интиқод кардааст. Раҳмон гуфтааст, ки ҲХДТ натавонистааст, ба сурати сареъ аз манофеи Тоҷикистон ҳимоят ба амал биорад.

"РАИСИ ҶУМҲУР ТИМАШРО ДИГАР КУНАД"

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ

Уқдаи дигаре, ки ба думболи таҳавввулоти ахир рӯшан шуд, ба ҷуз аз заъфи тими дипломатӣ, зафъи тими ҳоким дар маҷмуъ аст.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ аз раиси ҷумҳур даъват кард, ки тими худро иваз кунад. Зеро бӯҳрони пешомада натиҷаи нотавонии ин гуруҳи ҳоким аст. Ӯ гуфт: «Вақти он расидааст, ки мо бигӯем, ки бӯҳрон то ҳадде систематик шудааст ва бидуни тағйироти решаӣ наметавон онро ҳал кард. Ва президент баъди ором шудани вазъият акнун бояд дар фикри тағйири командааш бошад ва тағйири бунёдии он. Мо мисли пеш наметавонем бигӯем, ки президент медонаду командааш.»

Аммо коршиносони расонаӣ дар ин ҳафта аз ин ҳам пештар рафта ва гуфтаанд, ки агар раиси ҷумҳур тими худро тағйир надиҳад, ин тим раиси ҷумҳурро тағйир хоҳад дод.

Абдулло Ҳабибов, собиқ муовини вазири дифоъи Тоҷикистон мегӯяд, ки акнун як роҳ боқӣ мондааст, ҳамаи мақомоте, ки боиси буҳронӣ шудани вазъияти муносиботи ду кишвар ва вахим гаштани вазъи муҳоҷирон шудаанд, бояд довталабона истеъфои худро эълон кунанд. Ва ё раиси ҷумҳур иқдом ба барканории онҳо кунад. Дар ғайри сурат ба ақидаи Абдулло Ҳабибов

Абдулло Ҳабибов

генерал Ҳабибов, идомаи буҳрон ва такрори ин гуна қазияҳо боз ҳам ногузир аст: «Инҳо бояд худашон кори президентро сабук кунад ва мардона истеъфо диҳанд. Агар чунин нашаванд, аз сӯи дигар, президент ҳам бояд фикр кунад ва нафаронеро, ки ба сардии муносибатҳои ду ҷониб боис шудаанд ва ба манфиатҳои Тоҷикистон ба ин кори худ зарар расониданд, аз кор барканор кунад.»

Гуфтанист, ки баъди солҳо барои бори аввал аст, ки истеъфои ҳукумати иҷроия аз сӯи аҳзоб ва шахсиятҳои ҷудогона тақозо мешавад. Ва баҳонаи он ҳам сардии муносиботи Тоҷикистон ва Русия дар пасманзари қазияи маҳкумияти ду халабон аст.

ВОРИДИ МАЙДОН ШУДАНИ "ГУРӮҲИ МУСОИДАТ"

Рӯи кор омадани «Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирон» ба гуфтаи таҳлилгарон пайомади нотавон воқеъ шудани ниҳодҳои давлатӣ дар ростои ҳалли мушкили муҳоҷирон ва буҳронӣ будани муносибатҳои ду кишвар аст. «Гуруҳи мусоидат» дар рӯзи панҷуми ташдиди буҳрон аз сӯи рӯшанфикрон ва рӯзноманигрони тоҷик таъсис шуд, ки раҳбарии онро ҳунарманди мардумӣ Барзу Абдураззоқов ба ӯҳда дорад.

Марат Мамадшоев

Марат Мамадшоев

Марат Мамадшоев, ҳамоҳангсози Гурӯҳи мусоидат мегӯяд, ки таъсиси ин гуруҳ тақозои худи замон буд: «Масъалаи муҳоҷирати корӣ ба таври истисноӣ барои мо аҳамият дорад. Зеро бештар аз як миллион шаҳрванди мо дар муҳоҷирати корӣ ба сар мебарад. Дар Тоҷикистон хонаводаеро пайдо кардан душвор аст, ки як узви он дар муҳоҷирати корӣ дар Русия набошад. Ва табиист, ки дар чунин вазъияте мо наметавонем, мушкилоти онҳоро нодида бигирем. Дар шароите, ки давлат дар ҳимоят аз ҳуқуқи ин муҳоҷирон амалан кореро анҷом намедиҳад, роҳи дигарреро мо ба ҷуз аз истифодаи дипломатия мардумӣ намедидем. Ба хотири он, ки ҳадди ақал ба афкори умумӣ таъсир гузошта бошем, ин Гуруҳро таъсис кардем.»

Оқои Мамадшоев мегӯяд, ки ин гуруҳ ҳадафи сиёсӣ надорад ва танҳо як ташаббуси ҷомеъаи шаҳрвандӣ мебошад, ки ҳимоят аз ҳуқуқи шаҳрвандонони Тоҷикистон дар муҳоҷиратро мақсади худ қарор додааст.

ПИРӮЗӢ Ё НОТАВОНИИ РУСИЯ?

Озодии халабонҳои ширкати русӣ аз сӯи расонаҳои Маскав пирӯзии дипломатияи Русия унвон шуд. Аммо Сайфулло Муллоҷонов, устоди донишгоҳи Тоҷикистон, ки равобити фарҳангии Тоҷикистон бо Русияро пажӯҳиш мекунад, бовар дорад, ки Русия дигар қодир ба барқарории нуфузи худ дар минтақа ва Тоҷикистон нахоҳад буд. Агарчанд зоҳиран қазия ба нафъи Маскав ҳал шудааст. Аммо худи қазия нишони заъфи сиёсати Русия дар Тоҷикистон асту оқои Муллоҷонов мегӯяд: «Дар даҳ соли пеш ба нудрат шумо касеро дар маҳофил пайдо мекардед, ки аз Русия интиқод карда бошад. Аммо ҳоло вазъият фарқ кардааст. Ҳатто муҳоҷироне, ки он ҷо ҳастанд, норозӣ мебошанд. Ба назари ман Русия ба тадриҷ муносибаташро бо мо бад мекунад ва нуфузи худро аз даст медиҳад. Ин қазия дардҳои ниҳонро рӯ овард.»

БОЗ ЧАНД ЧИЗИ ДИГАР...

Ин қазия номи чеҳра ва номи чанд нафари дигареро ҳам матраҳ кард ва ба намоиш гузошт, ки ҳаргиз худашон дар ин маврид изҳори назар накарданд. Яке Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Горди раёсати ҷумҳурӣ аст, ки аз сӯи мақомоти ширкати «Ролкан» иддао шуд, ки мехоҳад ҳавопаймоҳои АН- 72 ин ширкатро соҳиб шавад ва манфиатдори ин қазия буд. Аз оқои Раҳамоналӣ, ба унвони яке аз имтиёздорони ширкати «Хатлон эйр», ки гуфта мешавад ҳамкори «Ролакан» будааст, ном бурда шуд. Аммо ин генерали тоҷик ҳаргиз ин иддаоро тазкиб ё рад накард.

Чеҳраи дигаре, ки дар пасманзари ин қазия зуҳур кард, Амонулло Ҳукумов, раиси Роҳаи оҳани Тоҷикистон буд. Расонаҳои русӣ ба шидат Амонулло Ҳукумов, раиси Роҳаи оҳани Тоҷикистон

Амонулло Ҳукумов, раиси Роҳаи оҳани Тоҷикистон

ҳоло ҳам иддао доранд, ки Тоҷикистон мехост, ки ду халабони маҳкумшударо ба писари Амонулло Ҳукумов, ки дар Маскав бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ аст, табодул кунанд. Аммо раиси роҳи оҳани Тҷоикистон ҳам ҳаргиз фурсати посух гуфтан ба ин даъвоҳоро надоштааст.

Аммо як мавриди дигаре, ки дар зеҳни ҷомеаи Русия ва Тоҷикистон дар ҳоли шакл гирифтан мебошад, ин аст, ки ба тадриҷ як ҳаракате шакл мегирад, ки муқассири аслии сардии равобити Душанбеву бо Маскав давлати Тоҷикистонро медонад.

Нишони барҷастаи ин, ба сафири Тоҷикистон дар Маскав таслим кардани номаи «Руссовет» роҷеъ ба даъвати истеъфои доваталабонаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва даъвати каноррагирии атфрофиёни президент дар Тоҷикистон аст. Аммо суол ин аст, ки оё ин иқдомҳо илҳомбахше ҳам доранд ва худҷӯшанд ва шакл нахоҳанд гирифт?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG