Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия аз Сурия хостори вуруди нозирони Ҷомеаи Араб шуд


Аҳмет Довутоғлу

Аҳмет Довутоғлу

Туркия фишор ба Сурияро ташдид мебахшад, то ин кишвар ба нозирони кишварҳои Ҷомеаи Араб иҷоза диҳад, ки вориди ин кишвар шаванд ва ҷараёни иҷрои нақшаҳои сулҳи ин ҷомеа роҷеъ ба хатми хушунат бар зидди аҳолии Сурияро баррасӣ кунанд. Режими Сурия ба таври хушунатомез тазоҳуроти эътирозиро саркӯб мекунад. Аҳмет Довутоғлу-вазири корҳои хориҷии Туркия имрӯз дар Истамбул гуфт, ки иҷозаи вуруд ба нозирон “шонси ахар ва шонси нав”-и Сурия аст. Ҷомеаи Араб мегӯяд, агар Сурия то поёни имрӯз, яъне то поёни рӯзи ахири мӯҳлати пешниҳодшуда вуруди нозиронро иҷоза надиҳад, 26 ноябр Ҷомеаи Араб таҳримҳои имкондошта бар зидди Сурияро барасӣ мекунад. Аммо Русия мегӯяд, ки мухолифи таҳрим ё мудохилаи хориҷӣ дар умури Сурия аст ва ин кишвар ба “музокироти дохилӣ” ниёз дорад.
XS
SM
MD
LG