Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон "афви тилоӣ" ба поён расид


Занони раҳошуда аз зиндони Норак

Занони раҳошуда аз зиндони Норак

Раёсати вазорати адлияи Тоҷикистон дар умури зиндонҳо ба матбуот хабар додааст, ки дар ин кишвар афви эълоншуда дар робита бо 20-ӯмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон ба поён расидааст. Дар чаҳорчӯбаи ин тадбир бештар аз 4 300 нафар зиндониён афв шудаанд ва ба хонаводаҳояшон баргашатаанд. Дар миёни онҳо 196 нафар занон ва 153 нафар ноболиғон низ ҳастанд. Мӯҳлати зиндони беш аз 5 ҳазор нафари дигар камтар шудааст. Омори гузашта нишон медиҳад, ки тақрибан 20-30 дарсади афвшудагон баъд аз муддате дубора ҷиноят содир кардаанд ва ба зиндонҳо баргаштаанд.
XS
SM
MD
LG