Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорати ИМА: "Музокироти таъсиси пойгоҳ асос надорад"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Cафорати ИМА дар Душанбе, овозаҳо дар мавриди таъсиси пойгоҳи низомии НАТО дар Тоҷикистонро беасос хонд.

Ба дунболи сафари генерал-лейтенант Винсент Брукс, фармондеҳи нерӯҳои заминии артиши Амрико ба Душанбе, шоеаҳо дар мавриди гуфтугӯҳои ин мақоми амрикоӣ бо мақомоти тоҷик дар мавриди таъсиси пойгоҳи низомии Амрико дар Тоҷикистон пахш шуда буд.

Сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе мегӯяд, ҳадаф аз сафари генерали амрикоӣ ба Тоҷикистон на таъсиси пойгоҳи НАТО, балки ошноии куллӣ бо авзоъ будааст. Генерал - лейтинант Винсент Брукс ба таърихи 20 ва 21 ноябр аз Тоҷикистон дидан кард ва бо намояндагони мақомоти ин кишвар дидору гуфтугӯ дошт.

Аммо намояндаи расмии дафтари матбуоти сафорати ИМА дар Тоҷикистон иддаъои расонаҳои русиро, ки гӯё зимни музокироти генерали амрикоӣ бо мақомоти Тоҷикистон мавзӯъи таъсиси пойгоҳи НАТО дар қаламрави Тоҷикистон матраҳ шудааст, рад карда ва гуфтанд, ки «ин нахустин дидори генерал - лейтинант Винтес Брукс аз Тоҷикистон буд. Вай ба Тоҷикистон на ба хотири баррасии масъалаи марбут ба таъсиси пойгоҳи низомӣ омада буд. Балки сафари генерал Брукс ҷанбаи ошноӣ дошт, то бо намояндагони мақомоти тоҷик дидор кунад. Зеро генерал Винтес Брукс, фармондеҳи Нерӯҳои марказии Артиши Амрико дар Осиёи Марказӣ аст ва Тоҷикистон аз минтақаҳои таҳти масъулияти вай маҳсуб меёбад.»

Расонаи русии «Аргумент. Ру» ба нақл аз манобеи дипломатӣ ва низомии Русия навиштааст, ки дар Душанбе машваратҳои густардае бо намояндагони Фармондеҳии Марказии Амрико дар Осиёи Марказӣ ҷараён дорад ва ҳадафи ин музокироти, ба навиштаи расона, «комилан махфӣ», таъсиси пойгоҳи низомии НАТО дар Тоҷикистон аст. Ин манбаъ афзудааст, ки «ҳоло тамоми талоши намояндагони фармондеҳии Марказии Артиши Амрико ба он равона шудааст, ки раҳбарияти Тоҷикистонро мӯътақид созанд, то низомиёни русро аз қаламраваш берун кунад.”

Фаридун Маҳмадалиев
Фаридун Маҳмадалиев
Аммо мақомот ва масъулони Тоҷикистон низ чунин иддаоҳоро рад карданд. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон ба РО гуфт, масоили марбут ба густариши ҳамкориҳои низомӣ ва низомӣ - фаннии Тоҷикистон бо кишварҳои дигари минтақа ва ҷаҳон танҳо дар сатҳи раҳбарияти вазорат, манзур Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъ баҳсу баррасӣ мешавад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ҷаноби Маҳмадалиев, генерал - лейтинант Шералӣ Хайруллоев, ҳангом сафари Винтес Брукс ба Тоҷикистон дар сафари корӣ дар Белорус буд, «дар ҷараёни сафари намояндаи низомии ИМА роҳбарияти вазорат, Шералӣ Хайруллоев, аз санаи 21 ноябр дар сафари серузаи корӣ дар Белорусия қарор дорад. Ба ин хотир ҳеҷ гуна мулоқот миёни раҳбарияти вазорати дифоъ ва намояндаи низомии Амрико нашудааст».


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:52 0:00
Линки мустақим


Расонаҳои русӣ ба ҷузъиёти нахустин дидори генерал Винтес Брукс дар ҳоле пардохтанд, ки аз ин сафар ҳудуди чаҳор рӯз мегузарад. Ва ин хабар бо такя бо манобеи низомӣ ва дипломатии Русия дар шароити ҳаcсоси муносиботи Тоҷикистон бо Русия, пас аз қазияи раҳоии халабонҳо иттифоқ меафтад, ки бархе аз таҳлилгарон ҷузъи «ҳамлаи иттилоотӣ тавассути расонаҳои русӣ» чизе беш намедонанд.

Афзун бар ин Раҷаби Мирзо, таҳлилгари масоили сиёсии тоҷик ҳамлаи ахирро тарҳрезишуда мепиндорад ва мегӯяд, «ин баҳс ба сафари дигари Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон иртибот мегирад, ки
Раҷаби Мирзо, таҳлилгари тоҷик
Раҷаби Мирзо, таҳлилгари тоҷик
дар Минск қарор дорад ва бо ҳамтои руси худ гуфтугӯ кардааст. Ва ин хабаре, ки қаблан ҳам садо додааст, ҳам шояд пас аз гуфтугӯи на чандон манфиатовар барои ҷониби Русия матраҳ карда ва ҳамлаи иттилоотии худашонро идома доданд.»

Дар беш аз ду ҳафтаи ахир ба дунболи маҳкум ба 8, 5 солӣ зиндон шудани Владимир Садовничий ва Андрей Руденко, халабонҳои русу эстонии ширкати «Ролкан» тавассути додгоҳи Қурғонтеппа, ҷомеаи Русия ва алалхусус расонаҳои ин кишвар «ҳамлаи иттилоотиеро» алайҳи Тоҷикистон ба роҳ монданд, ки шояд дар гузашта собиқа надоштааст.

Ҳамакнун бо он, ки додгоҳи таҷдид назар ҳукми онҳоро сабук ва онҳоро аз толори додгоҳ озод кард, ҳанӯз ҳам ин гуна «ҳамла» - ҳо тавассути масъулони алоҳидаи Русия идома дорад ва таҳлилгарон мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд фишор болои Тоҷикистон мумкин аст, то замони комилан “сафед” кардани ин халабонҳо идома хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG