Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миср. Ҷанзурӣ кобинаи навро ташкил мекунад


Бино ба хабарҳо, ҳокимони низомии Миср масъулияти ташкили кобинаи нави вазиронро ба Камол Ҷанзурӣ супурдаанд.

Ҷанзурӣ, ки дар солҳои 90, дар аҳди Ҳуснӣ Муборак як муддат раҳбари ҳукумати Миср буд, дар раёсати кобинаи нав Исом Шарафро иваз хоҳад кард.

Кобинаи қаблии вазирон дар авоили ҳафтаи равон дар пайи ҳалокати даҳҳо эътирозгар тайи 5 рӯзи даргириҳои байни тазоҳургарон ва нирӯҳои артишу пулис истеъфо дод.

Талаби тазоҳургарон, ки дар майдони Таҳрир – маркази эътирозҳои аввали сол алайҳи режими Муборак – хайма задаанд, ба як ҳукумати мулкӣ супурдани зимоми давлати Миср аст.

Баъди суқути режими Ҳуснӣ Муборак, идораи умури Миср муваққатан ба дасти Шӯрои олии нирӯҳои мусаллаҳ гузашт, ки таҳвили қудрат ба ниҳодҳои ғайринизомӣ дар зарфи 6 моҳ ё баъди анҷоми интихоботи парлумониву раёсатҷумҳуриро ваъда супурда буд.


Аммо ин Шӯрои таҳти раёсати фелдмаршал Ҳусейн Тантовӣ, ки дар кобинаи пешин вазири дифоъ низ буд, инак 8 моҳ боз бар Миср ҳукумат меронад. Низомиҳо мехостанд, дар тарҳи нави Қонуни асосӣ, ки кобинаи Исом Шараф ироа кардааст, артишро хориҷ аз назорати ниҳодҳои мулкӣ нигоҳ дошта, барои худ салоҳиятҳои фавқулоддаи амниятӣ бигиранд. Тарси ин ки генералҳо алорағми ваъда қасди пас додани қудратро надоранд, боис шуд, ки мардум ба хотири дифоъ аз дастовардҳои эътирозҳои аввали сол, ки режими қудратманди Муборакро суқут дод, дигарбора ба майдони Таҳрир бирезад.

УЗРХОҲИИ АРТИШ АЗ МАРДУМ

Ҳокимони низомӣ бо як шеваи бераҳмона талош карданд, ки аз ин таҷаммӯъи мардум ҷилавгирӣ кунанд, вале ин ҳама мунҷар ба даргириҳое шуд, ки дар зарфи 5 рӯз даҳҳо кушта ва беш а1200 захмӣ ба ҷо гузошт. Шӯрои олии низомӣ рӯзи панҷшанбе барои марги ин афрод маъзарат хост ва ваъда дод, ки масъулинашро ба ҷазо хоҳад кашонд.

Рӯзи сешанбе Ҳусейн Тантовӣ худ дар як паёми вижа ба мардум гуфт, талабҳои тазоҳургаронро мепазирад ва низомиён омодаанд, ҳатто масъалаи таҳвили билофосилаи қудрат ба ҳукумати мулкиро ба маърази раъйпурсӣ гузоранд. Ӯ гуфт, интихоботи парлумонии Миср дар вақташ – 28 ноябр- доир шуда, интихоботи раёсатҷумҳурӣ моҳи июни соли оянда баргузор карда хоҳад шуд, на дар поёни соли 2012 ё соли 2013, ки пештар гуфта мешуд.

Аммо тазоҳургарони ҷамъшуда дар майдони Таҳрир ин пешниҳодро напазируфтанд ва гуфтанд, аз талаби худ барои таҳвили билофосилаи қудрат аз низомиҳо ба як ҳукумати мулкӣ пас нахоҳанд гашт. Ин дар ҳолест, ки то рӯзи интихоботи парлумонии Миср – 28 ноябр – ҳамагӣ 3 рӯзи дигар боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG