Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 7 тани мулкӣ дар вилояти Қандаҳор


Мақомоти маҳаллии Афғонистон мегӯянд, бар асари ҳамлаи ҳавоии НАТО дар вилояти ҷанубии Қандаҳор 7 нафар, бо шумули 6 кӯдак, кушта шудаанд. Волии улусволии Жерай Ниёзмуҳаммад Сарҳадӣ гуфт, ҳадафи ҳамлаи шаби чоршанбе ҷангиёни толибе буд, ки дар ин минтақа минакорӣ мекарданд. Аммо, ба гуфтаи ӯ, ин ҳамла иштибоҳан ба манотиқи аҳолинишин асобат кардааст. Дафтари волии Қандаҳор гуфт, дар ин ҳамла ду ҷангии толиб низ кушта шуданд, вале 3 чирикии дигар фирор карда, ба хотири наҷот аз таъқиби ISAF худро ба байни манзилҳо задаанд. Масъалаи ҳалокати мардуми ғайринизомӣ бар асари ҳамлаҳои ҳавоӣ як мояи танишҳо байни давлати Афғонистон ва нирӯҳои таҳти фармони НАТО шудааст.
XS
SM
MD
LG