Пайвандҳои дастрасӣ

Нирӯҳои ҳомии сулҳи НАТО мегӯянд, дар даргириҳои шаби чоршанбе бо сербҳо дар шимоли Косово 21 сарбози НАТО захмӣ шудаанд. Ин даргирӣ дар пайи ба тахриби саддҳои дар роҳ гузоштаи сербҳо иқдом кардани нирӯҳои НАТО рух дод. Сербҳо бо ин саддҳо ба истиқрори назорати мақомоти албании Косово бар манотиқи умдатан сербнишини шимол муқовимат мекарданд. Сербҳои шимоли Косово истиқлоли ин кишварро, ки 3 сол пеш аз Сербистон ҷудо шуд, қабул надоранд.
XS
SM
MD
LG