Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирозгарон дар Қоҳира- пойтахти Миср мегӯянд, имрӯз ҳам бо талаби хатми билофосилаи ҳукумати низомиҳо як раҳпаймоии густарда баргузор хоҳанд кард. Ин дар ҳолест, ки бино ба хабарҳо, ҳокимони низомии Миср аз Камол Ҷанзурӣ, ки дар солҳои 90, дар замони Ҳуснӣ Муборак ҳам як муддат сарвазири Миср буд, хостаанд, то ҳукумати наҷоти миллиро ташкил кунад. Ҷанзурӣ ҷойгузини Исом Шараф мешавад, ки кобинааш дар аввали ҳафта дар пайи ҳалокати даҳҳо эътирозгар истеъфо дод. Шӯрои олии низомии Миср дирӯз барои кушта шудани эътирозгарон маъзарат хост. Талаби тазоҳургарон, ки дар майдони Таҳрири Қоҳира ҷамъ шудаанд, таҳвили қудрат аз низомиҳо ба як ҳукумати мулкист. Шӯрои низомӣ баъди суқути режими Ҳуснӣ Муборак дар натиҷаи эътирозҳои аввали сол идораи умури Мисрро муваққатан ба даст гирифт. Интихоботи маҷлиси Миср рӯзи 28 ноябр доир мешавад
XS
SM
MD
LG