Пайвандҳои дастрасӣ

Халабонҳо: Мақсад ғасби ҳавопаймоҳо буд


Руденко ва Садовничий қабл аз раҳоӣ

Руденко ва Садовничий қабл аз раҳоӣ

Халабонҳои ширкати “Ролкан” Алексей Руденко ва Владимир Садовничий баъди бозгашт аз Тоҷикистон гуфтаанд, парвандаи онҳо сохта буд ва ғасби ду ҳавопаймои Ан-72-ро ба ҳадаф дошт. Ширкати “Ролкан” гуфт, рӯзи ҷумъа аз 2,5 сол ҳукми зиндони халабонҳояш низ шикоят хоҳад бурд. Додгоҳи Қӯрғонтеппа рӯзи 8 ноябр Руденко ва Садовничийро 10,5-солӣ ҳукми зиндон дод, ки боиси таниши тунде байни Маскаву Душанбе шуд. Додгоҳи вилояти Хатлон дар ин ҳафта ҳукми онҳоро 8-солӣ пойин овард ва ҳардуро бар асоси қонуни афв озод кард. Аммо ҳарду ҳавопаймои Ан-72-и ширкати “Ролкан” дар Тоҷикистон мусодира шудааст.
XS
SM
MD
LG