Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"СомонЭйр" соҳиби боз як "Боинг" шуд


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Ширкати хусусии ҳавопаймоии “СомонЭйр” дирӯз боз як ҳавопаймои “Боинг-737-900” бо 180 ҷои нишастро вориди Душанбе кард. Ин панҷумин ҳавопаймои “Боинг” дар парки “СомонЭйр” аст. Ба ин ҳавопаймо исми Бобоҷон Ғафуровро додаанд. “Боинг”-ҳои қаблии “СомонЭйр” номи Исмоили Сомонӣ, Садриддини Айнӣ, Мирзои Турсунзода ва Шириншоҳи Шотемурро доранд. Ширкати “Боинг” бо ин ҳавопаймо ба Тоҷикистон 2 тонна кумаки башарӣ низ фиристодааст.
Дар матбуот “СомонЭйр”-ро, ки се сол пеш таъсис ёфт, аз ширкатҳои марбут ба Ҳасани Асадуллоҳзода, раиси “Ориёнбонк” ва додарарӯси раисиҷумҳури Тоҷикистон мешуморанд.
XS
SM
MD
LG