Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷанзурӣ сарвазири ҷадиди Миср шуд


Эътирозҳо дар майдони Таҳрир

Эътирозҳо дар майдони Таҳрир

Ҳокимони низомии Миср Камол Ҷанзуриро раҳбари нави кобинаи вазирон интисоб карданд. Ҷанзурӣ, ки дар солҳои 90 низ бар ҳукумати Миср раҳбарӣ кардааст, дар ин мақом Исом Шарафро иваз мекунад. Кобинаи Шараф дар аввали ҳафта дар пайи ҳалокати даҳҳо эътирозгар истеъфо дод. Шӯрои олии низомии Миср дирӯз барои кушта шудани эътирозгарон маъзарат хост.
Талаби тазоҳургарон, ки дар майдони Таҳрири Қоҳира ҷамъ шудаанд, таҳвили қудрат аз низомиҳо ба як ҳукумати мулкист. Шӯрои низомӣ баъди суқути режими Ҳуснӣ Муборак дар натиҷаи эътирозҳои аввали сол идораи умури Мисрро муваққатан ба даст гирифт.
Интихоботи маҷлиси Миср рӯзи 28 ноябр доир мешавад.
XS
SM
MD
LG