Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Ғарб аз ҳукми Алес Бялатский


Алес Бялатский
Алес Бялатский
Ғарб ҳукми зиндони ҳомии маъруфи ҳуқуқи башари Беларус Алес Бялатскийро маҳкум кард ва аз Минск хост, то куллия маҳбусони сиёсиро раҳо кунад. Додгоҳи Беларус дирӯз ин раҳбари созмони "Вясна"-ро бо ҷурми напардохтани молиёт ба чоруним соли зиндон маҳкум кард. ИА ҳукми Бялатскийро «рамзи саркӯбии пайваста афзояндаи ҷомиаи шаҳрвандӣ» дар Беларус номид. Парлумони Аврупо ин мурофиаро сиёсӣ ва ғайриодилона хонд ва ба раҳоии билофосила ва беқайду шарти ин ҳомии ҳуқуқи башар даъват кард. Сафорати Амрико дар Минск аз Беларус хост, «ба маъракаи зидди мунтақидони давлат поён диҳад.» Ҳукми Бялатскийро Шӯрои Аврупо ва Лаҳистону Литва – раисони давраии ИА ва САҲА – низ маҳкум карданд.
XS
SM
MD
LG