Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси пойгоҳ дар дидори Сердюков ва Хайруллоев


Ш.Хайруллоев (Акс аз бойгонӣ)

Ш.Хайруллоев (Акс аз бойгонӣ)

Вазирони дифоъи Русияву Тоҷикистон дирӯз дар Маскав барномаи ҳамкориҳои ду вазорат барои соли 2012-ро тасвиб ва ҳам шароити будубоши ояндаи пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд. Шералӣ Хайруллоевро Анатолий Сердюков барои баррасии ин масоил даъват кардааст.
Пойгоҳи 201-ум бо зери 7000 сарбоз бузургтарин пойгоҳи хориҷии артиши Русия буда, қарордоди кунуниаш дар соли 2014 ба поён мерасад. Бино ба хабарҳо, Душанбе барои ин пойгоҳ аз Русия беш аз 300 миллион доллар пули иҷора хостааст, вале Маскав мехоҳад, замони ҳузури низомиёнаш 49 соли тамдид шуда, истифодаи қаламрави Тоҷикистон барояш ҳамчунон маҷҷонӣ боқӣ бимонад.
XS
SM
MD
LG