Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 6 кӯдак дар ҳамлаи ҳавопаймои НАТО дар Қандаҳор


Бар асари ҳамлаи ҳавопаймоҳои низомии НАТО дар вилояти Қандаҳори Афғонистон ҳафт сокини осоишта кушта шудаанд, ки шаш нафари онҳо кӯдак буданд.

Ба иттилоъи мақомоти вилоят, ҳамла дар минтақаи дурдаст шояд бар пояи иттилоъ оиди аз сӯи толибон таҳия шудани ҳамлаи нави террористӣ сурат гирифтааст.

Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ҳалокати сокинони осоишта бар асари ҳамлаи ҳавопаймои НАТО-ро шадидан маҳкум кард. Низомиёни воломақоми НАТО гуфтанд, ки ин иттилоъро тафтиш мекунанд.
XS
SM
MD
LG