Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти хушунатомези ду ҷавони тоҷик


Маҳалли боздошти ду ҷавон аз тарафи намояндагони давлат.
Маҳалли боздошти ду ҷавон аз тарафи намояндагони давлат.

Шоҳидон мегӯянд, кормандони милиса ин шаҳрвандонро бо бераҳмӣ ва зӯроварӣ ба ҳабс гирифтаанд.

Дар як ҳамлаи ногаҳонӣ нимирӯзии 24-уми ноябр ду ҷавон дар маҳалли Сино зери мушту лагади кормандони ҳифзи ҳуқуқ боздошт шуданд. Шоҳидони воқеа мегӯянд, ин ҷавонон ҳангоми латукӯб бо фиғон аз роҳгузарон ёрӣ мехостанд, вале касе ҷуръат намекард онҳоро аз дасти милиса раҳо кунад. Бонуи Гулмира, ки ин саҳнаро бо чашмони сар дидааст: «Дидем, ки зада-зада ба нақлиёт савор карданд. Ман охирашро дидам.»

Вай ин ҳарфро замоне мегуфт, ки падари яке аз боздоштшудагон ба ҷои воқеа расида буд ва сахт нигарон ба назар мерасид. Бино бар нақли шоҳидон ронандаи таксӣ Абдуваҳҳоб Раҷабови 26-сола ва гулфурӯши 31-сола Зариф аз ҷониби кормандони Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шудаанд. Онҳо мегӯянд, ҷавонон муқовимат накарда бошанд ҳам, ҳадафи латукӯб қарор гирифтаанд.

Як шоҳиди дигар гуфт, ҳоло дигар мардум метарсанд, ки як боздоштшуда то маълум шудани гуноҳаш метавонад, бо мушту лагад муҷозот ва ё ҳатто кушта шавад. Ба ақидаи ӯ, кормандони мақомоти интизомии кишвар ҳанӯз ҳам одоб ва шеваи мутамаддини боздошти гумонбаршудагонро аз бар накардаанд.

Дар оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир падари Абдуваҳҳоб – Абдуғаффор Раҷабов, аз мақомот зораву тавалло мекард, ки руйи фарзандашро сиҳату саломат бубинад. Вай гуфт, аз рафтори милиса сахт ҳаросон аст, аз он хотир, ки вақтҳои охир дар бораи гӯё бар асари ба замин сарозер шуда, мурдани боздоштшудаҳо ба ҳангоми бозпурсӣ аз матбуот зиёд шунидааст. Вай мегӯяд, боздошткунандагони писараш бояд аввал рӯшан гӯянд, ки гуноҳи ӯ чист ва собит кунанд, ки барои боздошташ далел доранд.

Манзара замоне каме рӯшантар шуд, ки кормандони оҷонс мошини Зарифро ба ин ҷо оварданд ва навбатдори Оҷонси зидди маводи мухаддир ночор буд, эътироф кунад, ки «ҷавонҳоро оварданд, ва онҳо дар дохил ҳастанд...». Вале навбатдор натавонист, роҷеъ ба сабаби боздошт шарҳе бидиҳад.

Бобоҷони Шафеъ сӯхангӯи Ожонсии зидди маводи мухаддир мегӯяд, кормандони ин ниҳод амалиёти махсусеро дар қаламрави пойтахт ба роҳ мондаанд, то аз қочоқи маводи мухаддир пешгирӣ кунанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳар нафаре ки аз тарафи кормандони ин ниҳод боздошт мешавад, дар қочоқи маводи мухаддир гумонбар мебошад, на дар амали дигар. Аммо ба суоли мо, ки оё Абдуваҳҳоб ва Зариф маҳз аз тарафи ширкаткунандагони ҳамин амалиёт боздошт шудаанд, изҳори бехабарӣ кард. Вай афзуд: «Ба мо пагоҳ маълумот медиҳанд, вале ҳар касеро, ки боздошт кардаанд, албатта, танҳо бо гумони нашъаҷаллобӣ кардаанд.»

Вале Абдуғаффор Раҷабов мегӯяд, ки писараш аз бекорӣ маҷбур буд, бо таксиронӣ машғул шавад: «Як мошина мегирифт, баъди як ҳафтаи такси задан мефурӯхт. Стаянкаи таксияш пеши ҳамон гулфурӯш буд. Ба ман занг заданд, ки писаратро зада-зада бор карда бурданд. Аз газетаҳо хондам, ки пулисҳо ҳам бегуноҳонро гуноҳ бор мекунанд.»

Зоҳиран, падари ҷавони боздоштшуда, аз парвандаҳои пурсару садои Сафаралӣ Сангов ва Баҳромиддин Шодиев ва ҳалокати онҳо баъд аз боздошташон огаҳӣ дошт ва намхоҳад, фарзанди ӯ низ чунин сарнавиштро такрор кунад. Бо вуҷуди ифтитоҳи парвандаҳои ҷиноӣ ва муҳокимаҳои додгоҳӣ, омилон ва масъулони ҳалокати ин боздоштшудаҳо муҷозот нашудаанд.

Ин дар ҳолест, ки ҳомиёни ҳуқуқи инсон аз мавҷудияти шиканҷа дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда ва мақомоти интизомии кишвар иқрор кардаанд, ки масъулияти саломатии ҳар шаҳрванд баъд аз боздошташ дар дӯши мақомотест, ки ба ин боздошт дастур додаанд. Ду тараф низ ба натиҷа расидаанд, ки ҳама гуна боздошт бояд тибқи қонун ва бидуни хушунату зӯроварӣ сурат бигирад.
XS
SM
MD
LG