Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомиёни НАТО ва сербҳои Косово вориди бархӯрд шуданд


Дар шимоли Косово дар бархӯрде миёни сербҳо ва нерӯҳои ҳифзи тартиботи НАТО 21 низомии Паймон маҷрӯҳ шуданд.

Ба гуфтаи намояндаи расмии нерӯҳои НАТО, шоми гузашта гурӯҳи сербҳои маҳаллӣ бо се мошини ҳомили регу санг ба постгоҳи нерӯҳои ҳифзи тартибот ҳамла карда, сӯи онҳо санг андохтанд. Низомиёни НАТО маҷбур шуданд, ки дар ҷавоб аз гази ашковар ва калтакҳо истифода баранд ва сӯи ҳаво оташ кушоянд.

Вазъ дар шимоли Косово баъд аз он ноором шуд, ки сербҳои маҳаллӣ ба кормандони полиси Косов барои ишғоли ду постгоҳ дар марз бо Сербия имкон надоданд. Сербҳо дар ин мавзеъ сангар бунёд кардаанд ва нерӯҳои ҳифзи тартиботи НАТО бояд ин сангарро аз байн бубаранд.
XS
SM
MD
LG