Пайвандҳои дастрасӣ

Хонандаи мо навишт, ки чанд моҳ ба ин сӯ пахши мавҷи телевизиони тоҷик дар Панҷакент қатъ шудааст.

Ин дар ҳолест, ки ба навиштаи ӯ, "мавҷи шабакаҳои дигар дар ин ҷо аслан дастрас набуд." Вай бо умедворӣ дархост намуд, ин мавзӯъ пажӯҳиш шавад. Инак натиҷаҳои як ҷустуҷӯи кӯчак:

Дар ҳақиқат, бархе аз сокинони рустои Дашти Қозӣ гуфтанд, ки ҳафт моҳ ба ин су аз дидани барномаҳои шабакаҳои телевизионӣ маҳруманд. Овозаҳое мавҷуд аст, ки мавҷрасони маҳаллӣ аз кор афтодааст. Қутфидин Маҳмадиев, сокини ин деҳа ба Радиои Озодӣ гуфт: «хоҳиши мо ин аст, ки бегоҳ вақте барқ омад, кормандони телевизион ба деҳаи мо биёянд ва мардумро ҷамъ карда бипурсанд, мо 7 моҳ боз барномаи шабакаҳои телевизиониро намебинем. Мегӯянд, манори Советобод кор намекунад. Кадом қисмашро барои таъмир бурданд ва то ҳол бар нагардонданд.»

Аммо Маҳбуба Гадоева муовини раиси шаҳри Панҷакент ба ин иддаои мардум бовар надорад. Вай афзуд «дурӯғ мегуянд, мо бо мавҷи шабакаҳо таъминем. Фақат дар ду русто Роқиҷ ва Зиндовуд мавҷи шабакаҳои телевизионӣ нест, 50 хонавода ба сар мебарад ва барқ надоранд. Барои бақия дар қаламрави ноҳияи Панҷакент мавҷи чор шабака дастрас аст.»

Ҳоло бояд чӣ фикр кард -- агар мардум "дурӯғ мегӯянд", ба хотири чист ва агар ба ҳамаи шабакаҳо дастрасӣ доранд, чаро шикоят мекунанд? Бархилофи шиорҳои густарда, ки мавҷи телевизиони тоҷик тамоми кишварро пӯшиш додааст, Сӯҳроб Алиев, раиси ширкати «Телерадиоком»-и ҷумҳурӣ барои бархе аз минтақаҳо дастрас набудани амвоҷи телевизионро рад накард ва гуфт: «Ин мушкилот вуҷуд дорад, дар Панҷакент, Айнӣ, Масчо ва Бадахшон. Дар Бадахшон 18 деҳа аст, ки ба далели мушкили релеф ва барқ мавҷ намерсад ва пӯшиши комил нест.»

Вале ишораи сокинони Панҷакент ба он ки таҷҳизоти пахши амвоҷ ин ҳама муддат дар дасти тармим аст, то куҷо дуруст бошад? Амон Додоҷонов сармуҳандиси ширкати «Телерадиоком» дар Хуҷанд таъмир дар бурҷи мавҷрасони «Советобод» дар миёни ноҳияи Панҷакент ва Айниро тайид кард, вале ба гуфтаи вай ин таъмир ба мавҷи радио рабт дорад на ба телевизион: «Мушкили бурҷи мавҷрасони «Советобод» танҳо таҷҳизоти радио аст, ки барои таъмир ба Хуҷанд оварда шудааст. Дигар мушкилаш набудани барқ аст, ки ин мушкилро ё ҷамоат ва ё ҳукумати маҳаллӣ ҳал кунад.»

Мушкили дигар, ба гуфтаи сокинони манотиқи марзӣ бо Узбакистон, ин аст, ки мавҷи шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон заъиф аст ва мавҷи шабакаҳои Узбакистон ҷои онро мегирад. Ва мардум маҷбуранд барномаҳои Узбакистонро тамошо кунанд. Сайфулло Ватанов сокини ноҳияи Қубодиён дар ин бора гуфт: «Мардуми Қубодиён аксаран барномаҳои Узбакистонро тамошо мекунанд. Барои он ки телевизиони Узбакистон хуб нишон медиҳад. Гирифтани мавҷи шабкаҳои Тоҷикистон мушкил аст. Ба илова мо чанд сол аст, ки садои родиои Тоҷикистонро намешунавем. Вале радиои Узбакистон ва Афғонистонро хуб мешунавем.»

Ба эътиқоди бархе аз таҳлилгарон, ба ҷуз заифии мавҷи телевизиони Тоҷикистон масъалаи муҳими дигар мӯҳтавои барномаҳои шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аст, ки дилбазан буда, рангоранг ва ҷолиб нестанд. Ба ин далел сокинони манотиқи марзӣ мухлиси барномаҳои телевизиони Узбакистон шудаанд. Ба гуфтаи Набиулло Суннатӣ, дар телевизиони Узбакистон президентро нишон намедиҳанд, балки барномаҳои хуби фароғатӣ ва филмҳои хуб ба намоиш мегузоранд: «Барномаҳои телевизионии Тоҷикистон бисёр расмӣ ва маддоҳӣ ҳастанд. Агар як маҷлиси Ҳукумат шавад, тамоми шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон онро такрор ба такрор нишон медиҳанд. Ба ин далел, мардум бештар таваҷҷӯҳ ба телевизионҳои ғайр медиҳанд, чунки хеле ҷолибанд. Кормандони телевизиони тоҷик, ки аз ҳисоби пардохти андози мардум моҳона мегиранд, бояд барномаҳое таҳия кунанд, ки ба завқи мардум бошад ва аз ин барномаҳои бемаънӣ ва беаҳамият даст кашанд.»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG