Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Миср дар рӯзи таъиншуда доир мегардад


Низомиён дар майдони Таҳрири шаҳри Қохира
Низомиён дар майдони Таҳрири шаҳри Қохира
Генерал Мухтор Мулло, узви Шӯрои олии низомии Миср тайид кард, ки нахустин баъд аз суқути Ҳуснӣ Муборак интихоботи парлумонӣ 28 ноябр баргузор мешавад. Ӯ сару садоҳоро дар мавриди мавқуф гузоштани ин маърака рад кард. Аз ин пеш, ба иттилои шабакаи телевизионии “Ал-Ҷазира”, вазири умури дохилии Миср Мансур Ал-Асавӣ пешниҳод карда буд, ки бар асари нооромиҳо дар пойтахт интихоботи парлумонӣ ба таъхир гузошта шавад.

Имрӯз Шӯрои Олии низомии Миср аз хонаводаҳои қурбониёни бархӯрдҳо дар майдони Таҳрири Қоҳира маъзарат хост ва ваъда дод, ки гунаҳкорон дар куштори одамон ба додгоҳ кашида хоҳанд шуд. Ба иттилоъи вазорати ҳифзи сиҳати Миср, дар панҷ рӯзи бенизомиҳо дар пойтахт тақрибан 35 нафар кушта шудаанд.

Айни ҳол бархӯрдҳо дар майдони Таҳрир қатъ шудаанд ва аммо ҳазорон нафар дар он ҷо боқӣ монда, истеъфои фаврии ҳукумати низимиро талаб доранд.

Тазоҳуроти ахир - бузургтарин дар Миср баъд аз намоишҳои эътирозии моҳи феврал аст, ки бо барканории раисиҷумҳур Ҳуснӣ Муборак анҷом ёфта буд. Баъди суқути режими Муборак қудрат дар Миср ба дасти Шӯрои олии низомӣ гузашт.
XS
SM
MD
LG