Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беларус ба фаъоли ҳуқуқи башар "раҳм" накард


Алес Белятский, фаъоли ҳуқуқи башар ҳангоми баррасии парвандааш дар додгоҳ
Алес Белятский, фаъоли ҳуқуқи башар ҳангоми баррасии парвандааш дар додгоҳ

Алес Белятский, фаъоли ҳуқуқи башар, барои саркашӣ аз пардохти андоз ба 4,5 соли зиндон маҳкум шуд.

Иттиҳодияи Аврупо ин ҳукми додгоҳи Беларусро маҳкум карда ва парвандаи Белятскийро дорои "ангезаи сиёсӣ" хонд.

Ҳукми додгоҳи Беларус тақрибан ҳамон дархости додситонӣ аст, ки барои ин мудофеи ҳуқуқи башар панҷ соли зиндон хоста буд. Белятский аз моҳи август то судури ҳукми додгоҳ дар боздошт ба сар мебурд ва 23 ноябр дар сухани ниҳоии худ дар додгоҳ гуфт, ки “иттиҳомоти зидди вай беасос ва дорои ангезаи сиёсӣ мебошад”.

Вай дар хитоб ба намояндаи додситонии Беларус гуфт, ки "чаро Шумо Эъломияи ҳуқуқи башарро имзо кардед? Аз узвияти Созмони Милал ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо хориҷ шавед, он вақт мо хоҳем донист, ки дар куҷо қарор дорем."

Алес Белятский ҳамчунин изҳор дошт, ки маркази ҳифзи ҳуқуқи вай, яъне “Виасна” фаъолияташро боз нахоҳад дошт. Наталия Пинчук, хонуми Белятский низ ба ҳукми додгоҳ вокуниш нишон дод ва гуфт, ки ин ҳукми додгоҳ “қобили пешбинӣ” буд. Аммо Иттиҳодияи Аврупо, Амрико ва кишварҳои дигар тақозо кардаанд, ки Белятский фавран аз зиндон раҳо ва ҳамаи иттиҳомоти зидди ӯ лағв шавад.


Сабаби ба додгоҳ кашондан ва таъқиби Белятский доштани ҳисоб дар бонкҳои хориҷӣ будааст. Идораи молиёт ё андози Беларус гузориш додааст, ки Белятский барои дарёфти кӯмак аз созмонҳои байнулмилалии кӯмакрасон ҳисобҳои бонкии худ дар Литва ва Полшаро истифода кардааст, то дар Беларус ба фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ машғул шавад. Дар ин бора Литва ва Полша ба Беларус иттилоъ додаанд, вале сипас аз ин кори худ изҳори пушаймонӣ кардаву узр хостанд.

Онҳо мегӯянд, намедонистаанд, ки чунин маълумотро режими Минск барои маҳкум кардани фаъоли ҳуқуқи башар истифода мекунад. Белятский дар бораи саркӯбии тазоҳуроти сулҳомези эътирозгарон баъд аз интихоботи раёсати ҷумҳурии Беларус дар соли 2010 гузорише таҳия ва пахш карда буд. Интихоботе, ки бори дигар Александр Лукашенкоро бар рақибонаш пирӯз гардонда, ба сари қудрат овард.
XS
SM
MD
LG