Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамлаи ҷангиён ба корвони мошинҳо бо борҳои НАТО


Дар ғарби Афғонистон бар асари ҳамлаи гурӯҳи ҷангиён ба корвони мошинҳо бо молу мавод барои нерӯҳои НАТО дар кишвар дасти кам даҳ корманди як ширкати хусусии муҳофизатӣ кушта шуданд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, дар ин ҳамла, ки дар мавзеъи Бакваи вилояти Фараҳ сурат гирифт, даҳ нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки задухӯрд миёни ҷангиён ва муҳофизони корвон тақрибан ду соат идома кард ва баъд аз дахолати кормандони полис хатм шуд.Дар ҷараёни задухӯрд чанд мошин ба коми оташ рафт.
XS
SM
MD
LG