Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳоии ду халабони маҳкумшуда дар меҳвари аксари матолиби нашрияҳои чопи Душанбе қарор гирифтаанд.

Бархе аз нашрияҳо раҳоии Владимир Садовничий ва Алексей Руденко, халабонони ширкати русии "Ролкан Инвестмент" аз толори додгоҳи вилояти Хатлонро иқдоми хубу муфид арзёбӣ кардаанд.

"МИЛЛАТ"

Дар матлаби "Халабонҳо озод шуданд: Маскав Душанберо маҷбур кард, ки адолатро риоя кунад", навиштааст, "кори хуб шуд, ки халабонҳо озод шуданд. Тоҷикистон роҳи дигаре ҳам ба ҷуз аз озод кардани онҳо надошт."

"ИМРӮЗ НЮС"

Ин нашрия бо таваҷҷӯҳ ба ҳукми пешини додгоҳ ва таҳаввулоти ба вуҷудомада дар атрофи ин қазия навиштааст, "ин қазия нияту амали бисёриҳоро фош кард. Дар дохил нерӯҳои истиқлолгаро кашф шуданд, ки ин қазияро фурсати "нишон додани мустақилият" шумурданд. Акнун бо озод шудани Садовничий аз ҳаминҳо метавон шунид, ки анҷоми қазия барояшон "шармсории сатҳи миллӣ" аст."



"СССР"

Дар матлабе қазияи марбут ба халлабонҳо ва мушкили эҷодшуда барои муҳоҷирони тоҷикро ба набуди собиқаи набарди иттилоотии масъулони Тоҷикистон рабт додааст. Нашрия менависад, "мақомоти Тоҷикистон дар ин гиру дор сару калобаашро гум кард. Расонаҳои расмӣ аслан хомӯш истоданд. Расонаҳои рӯсӣ онро чунон вонамуду пуф карданд, ки дигар барои ҳар руси оддӣ, душмани қаттол - тоҷики гастербайтер шуд, ки бо силие рӯи ӯ заданд."

"ФАРАЖ"

Дар матлаби "Халабонҳои маҳбус озод шуданд" дар бораи навиштааст, ки "на намояндаи додситонии Хатлон ва на вакили мудофеи халабонҳо дар бораи ду ҳавопаймои ширкати "Ролкан" ва як муҳаррике, ки ба фоидаи давлати Тоҷикистон мусодира шудааст, ҳарфе нагуфтанд. Ҳатто дар шикояти кассатсионии ду халабон дар ин бора ишорае нарафтааст."

"ОЗОДАГОН"

Ин нашрия менависад, "халабонҳо раҳо шуданд, расонаҳо мегӯянд, ки рейдҳои пулиси рус барои дастгир намудани тоҷикони муҳоҷир хотима ёфтаанд." Ҳамзамон нашрия менависад, бо он ки халабонҳо озод шуданд, ин қазия анҷом наёфта, акнун идома меёбад. Зеро ба таъкиди нашрия "дар ҳоле ки баъди ҳукми додгоҳи Қӯрғонтеппа бархе аз сиёсатмадорони рус мегуфтанд, ки мақсади аслии ин парвандаҳо ҳамон ду ҳавопаймо буд ва халабонҳо дар ин байн "қурбонӣ" шуданд."

Нашрияи "Озодагон" дар матлаби дигаре дар ҳошияи баргузории фестивали "Чакомаи гесӯ" фаъолияти Руқия Қурбонова, муовини сарвазири Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифтааст. Муаллифи матлаби "Здрасти! Руқия Курбонова" нахуст аз худдории муовини нахуствазир барои сӯҳбат бо хабарнигорон интиқод карда ва ин суолро матраҳ кардааст, ки "лутфан бигӯед, дар Тоҷикистон сарвазиру муовинонаш аз сарвазиру муовинони дигар кишварҳо чӣ бартарӣ доранд, ки бояд бо журналистон дар ин қадар масофаи дур бошанд?"

"НИГОҲ"

Дар ин замина навиштааст, ки "ҳатто барои онҳое, ки мухлиси зулфу гесӯянд, чунин намоиш (Чакомаи гесӯ) дар шароите мефорад, ки хонаашон гарм бошаду хотирашон ҷамъ. Вале зоҳиран масъулони идеологии мо бо меъёрҳои дигар воқеиятҳои кишварро месанҷанд. Агар ин гуна набуд, магар мешуд, дар чунин фазои моломол аз эҳсоси нигаронӣ дар баробари тақдири беш аз як миллион намояндаи кишвар дар Русия, ба намоиши зулфу гесӯи духтарони ороставу пероста пардохт ва онро чун дастовардҳои даврони навин муаррифӣ кард?"

"НАҶОТ"

Иллати то ҳол ифтитоҳ нашудани литсейҳои эронӣ дар Тоҷикистонро ба чолиш кашидааст. Ба навиштаи нашрия, "Эрон омодааст, вале мушкил дар низоми маорифи Тоҷикистон аст." Алӣ Асғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон низ аз кашол ёфтани ин тарҳ нигаронӣ кардааст. Зеро ба гуфтаи сафир, "дар ҳоле ки ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни Эрон ва Тоҷикистон рушд меёбанд, мутаассифона, ҳамкориҳо дар бахши маориф калавиш доранд."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG