Пайвандҳои дастрасӣ

Кишварҳои арабӣ алайҳи Сурия таҳримҳо ҷорӣ карданиянд


Эътирозҳо дар Сурия идома доранд

Эътирозҳо дар Сурия идома доранд

Вазирони умури хориҷии кишварҳои араб имрӯз дар як нишаст дар Қоҳира, пойтахти Миср, мавзӯъи эъмоли таҳримҳо алайҳи ҳукумати Сурияро баррасӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, ки таҳримҳо – вокуниш ба сарпечии Димишқ аз иҷрои тарҳи Лигаи кишварҳои араб оид ба ҳалли бӯҳрони сиёсӣ дар Сурия аст. Бар пояи ин тарҳ бояд мақомоти Сурия ба саркӯбсозии мухолифини раисиҷумҳур Башор Асад хотима гузоранд.

Аз ин пеш Фаронса хостори ташкили “минтақаҳои амниятӣ дар Сурия ба хотири дифоъ аз мардуми осоишта” шуд. Ба гуфтаи вазири умури хориҷии Фаронса Ален Жюппе, ташкили ин гуна минтақаҳо имкон медиҳад, ки мардуми Сурия аз кӯмакҳои башардӯстона бархурдор шаванд.

Ҳамзамон Жюппе ҳамлаи низомӣ ба Сурия ва ташкили “минтақаи сипар” дар шимоли ин кишварро ғайримумкин хонд. Ба гуфтаи ӯ, Порис Шӯрои милли Сурияро, ки дар хориҷи кишвар фаъолият мекунад, шарики қонунӣ мехонад ва бо он ҳамкорӣ хоҳад кард.

Ба иттилоъи СММ, аз шурӯъи намоишҳои оммавӣ бо талаби истеъфои раисиҷумҳури Сурия Башор Асад дар ҳашт моҳи пеш тақрибан севу ним ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG