Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои олии низомӣ аз пайвандони қурбониён узр хост


Эътирозҳо дар Миср идома доранд
Эътирозҳо дар Миср идома доранд
Шӯрои Олии низомии Миср аз хонаводаҳои афроде, ки бар асари бархӯрдҳо дар майдони Таҳрири Қоҳира ба ҳалокат расидаанд, узр хост ва ваъда дод, ки гунаҳкорон дар куштори одамон ба додгоҳ кашида хоҳанд шуд.

Шаби гузашта дар ин майдон задухӯрд миёни кормандони амниятӣ ва мӯътаризон идома кард. Ба навиштаи хабаргузориҳо, дар канори бинои вазорати умури дохилӣ тирпарронӣ ба вуқӯъ пайваст. Вазорати ҳифзи сиҳати Миср хабар дод, ки дар панҷ рӯзи бенизомиҳо дар пойтахт тақрибан 35 нафар кушта шудаанд.

Тазоҳуроти ахир - бузургтарин дар Миср баъд аз намоишҳои эътирозии моҳи феврал аст, ки бо барканории раисиҷумҳур Ҳуснӣ Муборак анҷом ёфта буд. Баъди суқути режими Муборак қудрат дар Миср ба дасти Шӯрои олии низомӣ гузашт. Эътирозгарон аз низомиён талаб доранд, ки қудратро ба мақомоти мулкӣ интиқол диҳад.

Мақомоти Миср изҳор намуданд, ки бо вуҷуди хушунату нооромиҳо рӯзи 28 ноябр дар кишвар нахустин баъд аз барканории Ҳуснӣ Муборак интихоботи парлумонӣ баргузор хоҳад шуд. Ба иттилои шабакаи телевизионии “Ал-Ҷазира”, вазири умури дохилии Миср Мансур Ал-Асавӣ ба мақомоти низомӣ пешниҳод кардааст, ки интихоботро ба таъхир гузоранд.
XS
SM
MD
LG