Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди ниҳодҳои аврупоӣ аз ҳукми додгоҳии Белятский


Иттиҳодияи Аврупо ва созмонҳои байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар ҳукми додгоҳи шаҳри Минск дар баробари раиси маркази “Весна” Алес Белятскиро танқид карданд.

Белятский, яке аз фаъолони ҳуқуқи башари Белорус, бо иттиҳоми сарпечӣ аз пардохти андоз ба чаҳору ним соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум шуд.
Ӯ дар мурофиа гуфт, ҳама маблағеро, ки аз кишварҳои хориҷӣ мерасиданд, барои фаъолияти маркази дифоъ аз ҳуқуқи башари “Весна” сарф мекард.

Роберт Голански, сухангӯи раиси Парлумони Аврупо, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Парлумони Аврупо аз ҳукми Алес Белятский нигарон аст ва ин иттиҳомро дорои ангезаи сиёсӣ ва бидуни далел мешуморад. "Раиси Парлумони Аврупо аз мақомоти Белорус даъват менамояд, ки Белятский ва ҳама маҳбусони сиёсии дигарро аз маҳбасҳо раҳо ва ҳукми онҳоро бекор кунад". афзуд Роберт Голански.

Раиси бахши сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо Кэтрин Эштон ва узви Комиссиюни Аврупо Штефан Фюле низ аз мақомоти Белорус талаб карданд, ки ба таври фаврӣ Белятскийро раҳо кунанд.
XS
SM
MD
LG