Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати 4 мухолифи созиши интиқоли қудрат дар Яман


Алӣ Абдулло Солеҳ баъди се моҳ ба истеъфо меравад

Алӣ Абдулло Солеҳ баъди се моҳ ба истеъфо меравад

Дар шаҳри Санъо, пойтахти Яман, бар асари тирборони афроде, ки алайҳи созиши интиқоли қудрат дар кишвар эътироз мекарданд, чаҳор нафар ба ҳалокат расиданд.

Ин созиш, ки бо миёнҷигарии Иттиҳоди ҳамкориҳои кишварҳои халиҷи Форс таҳия шудаааст, ахиран дар Арабистони саудӣ аз сӯи раисиҷумҳури Яман Алӣ Абдулло Солеҳ ва намояндагони мухолифин имзо шуд.

Бар пояи тавофуқи ҳосилшуда, баъд аз интиқоли қудрат Алӣ Абдулло Солеҳ ва чанд тан аз атрофиёни ӯ мавриди пайгарди қонун қарор нахоҳанд гирифт. Солеҳ тайи се моҳ унвони раисиҷумҳури фахриро хоҳад дошт ва аммо қудрат ба муовини ӯ интиқол меёбад, ки бояд заминаро барои интихоботи озод омода кунад.

Раисиҷумҳури ИМА Барак Обама ин созишро "таърихӣ" номид ва аз раҳбарони Яман даъват намуд, ки фавран ба татбиқи он шурӯъ кунанд.
XS
SM
MD
LG