Пайвандҳои дастрасӣ

Автобуси ваъдагие, ки ба бозигарони “Равшан” нарасид


Ҳаводорони тими футболи "Равшан" дар Кӯлоб. Ҳангоми бозӣ бо тими "Истиқлол"

Ҳаводорони тими футболи "Равшан" дар Кӯлоб. Ҳангоми бозӣ бо тими "Истиқлол"

Бозингарони тими "Равшан"-и Кӯлоб то ҳол автобуси тӯҳфанамудаи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро дастрас накардаанд.

Президенти Тоҷикистон дар моҳи август, ҳангоми сафари худ ба Кӯлоб, бо бозингарони дастаи "Равшан" дидор карда, ваъда дода буд, ки ба онҳо автобус ҳадя мекунад.

Агарчӣ аз иҷро нашудани ваъдаи президент муҳлати тӯлонӣ гузашта бошад ҳам, аъзои даста умедворанд, ки автобус билохира ба дасти онҳо хоҳад расид.

Баҳром Рустамов, раиси Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳри Кӯлоб, низ мегӯяд, рӯзе тӯҳфаи президент дастраси бозингарон мегардад. Ӯ гуфт, "президент ҳар ваъдае, ки то имрӯз дод, амалӣ кардааст. Вохӯрии ӯ бо варзишгарони мо дар тобистони имсол худ як тӯҳфа буд. Пешравиҳои футболи мо ҳам аз ҳимояти ӯст. Фикр мекунам, дар фурсати муносиб ин тӯҳфа дастрас мешавад."

Рустами Эмомалӣ, фарзанди раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми бозии миёни тимҳои "Равшан"-у "Истиқлол" дар Кӯлоб. Тобистони соли 2011

Рустами Эмомалӣ, фарзанди раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми бозии миёни тимҳои "Равшан"-у "Истиқлол" дар Кӯлоб. Тобистони соли 2011

Ваъдаи тӯҳфаи автобус ба тими футболи "Равшан"-и Кӯлоб дар ҳоле аст, ки дастаи мазкур ба мисли дигар дастаҳои Тоҷикистон ягон воситаи нақлёт, ки онҳоро аз як ҷой ба ҷои дигар бубарад, надоранд. Сафар Мӯъминов, мураббии дастаи "Равшан" мегӯяд, воқеан, онҳо ба як воситаи нақлёт ниёз доранд.

Оқои Мӯъминов мегӯяд, "агар ба ягон ҷо барои бозӣ рафтанӣ шудем, дар фикр меуфтем, ки бо кадом восита бачаҳоро бояд бурд. Дарвоқеъ, ҳайрон мешавем. Бо мушкил мошин кироя мекунем ва пули зиёд харҷ мекунем."

Тими "Равшан"-и Кӯлоб, яке аз маъруфтарин дастаҳои футболи Тоҷикистон дониста мешавад, ки бо маблағгузорӣ шудан имсол пешсаф шудааст. Ду бозии ин даста бо дастаи "Истиқлол" бо муноқиша анҷом ёфта буд. Бо ишора ба ин, Сайҳомиди Раҳим, як коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, ваъдаи тақдими автобус ба хотири ором кардани мухлисони "Равшан" буд.

Ин коршинос мегӯяд, "пеш аз бозии "Истиқлол" ва "Равшан" ҳам гуфта буданд, ки Рустами Эмомалӣ ба бозингарони Кӯлоб автобус тӯҳфа мекунад, аммо чунин нашуд. Худи президент низ чунин ваъда кард, вале то кунун иҷро нашудааст. Ин ваъда дар ҳоле буд, ки муҳити Кӯлобро як норозигӣ фаро гирифта буд ва вохӯрии президент бо аъзои даста ва ваъда ба онҳо ба хотири дили ҳаводоронро ба даст овардан буд."

Пас аз бозии дастаи "Равшан" ва "Истиқлол", ки бо пирӯзии дастаи меҳмон анҷом ёфта буд, беназмӣ рух дод. Беш аз сад нафар ба гумони даст доштан дар беназмиҳо боздошт шуда, бар зидди бархе аз онҳо парвандаи маъмурӣ ва бархеи дигар ҳам парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Моҳе пас аз ин беназмиҳои мухлисон, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми сафараш бо ҳаводорон ва бозингарони даста вохӯрӣ анҷом дода, ваъдаи тақдими автобусро намуда буд. Аммо ба назар мерасад, ки ин ваъда ё фаромӯш шудааст ва ё ин ки туҳфаи президент ба соҳибонаш нарасидааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG