Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садовничий: Ҳадафи Тоҷикистон соҳиб шудан ба ҳавопаймоҳост


Владимир Садовничий
Владимир Садовничий
Халабони ширкати Ролкан инвестмент ЛТД Владимир Садовничий изҳор намуд, ки ҳадаф аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ ва ҳамкори эстонияш Алексей Руденко дар Тоҷикистон – соҳиб шудан ба ҳавопаймоҳои АН-72 буд.

Ба навиштаи хабаргузории Интерфакс, Садовничий имрӯз дар фурудгоҳи Домодедовои Маскав изҳор намуд, ки парванда ангезаи сиёсӣ дошт.

8 ноябр додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа халабонҳои ширкати Ролкан - шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденкоро барои қочоқ, убури ғайриқонуни марз ва нақзи меёерҳои байнулмилалии парвозҳо барои ҳашту ним солӣ маҳкум ба зиндон кард.

Баъд аз фишори Маскав болои мақомоти Тоҷикистон рӯзи 22 ноябр додгоҳи вилояти Хатлон ин ҳукмро бознигарӣ кард ва бар пояи қонуни авф халабонҳоро аз ҳабс раҳо намуд.
XS
SM
MD
LG