Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Артиши Миср бо пахши баёнияе дар “Фейсбук” аз кушта шудани мӯътаризон дар панҷ рӯзи охир маъзарат хост.

Низомиёни Миср дар баёнияи худ навиштаанд, касонеро, ки масъули кушта шудани афроди мӯътариз дар майдони “Таҳрир”-и Қоҳира ва дигар манотиқи Миср ҳастанд, ба муҳокима мекашанд.

Эътирозгарон хостори барканории фаврии режими низомиён дар Миср ҳастанд. Режиме, ки пас аз сарнагунии Ҳуснӣ Муборак, раисиҷумҳури пешини Миср, зимоми қудрат дар ин кишварро ба даст гирифтааст.

Аз рӯзи 19 ноябр ба ин сӯ, тайи панҷ рӯзи эътирозҳое, ки ба бадтарин хушунатҳо аз замони суқути режими Ҳуснӣ Муборак дар моҳи феврал мунҷар шуд, дар Миср ва асосан дар пойтахти он – Қоҳира беш аз 20 нафар ҷон бохта, беш аз 1 ҳазору 200 тани дигар захмӣ шуданд. Созмони Афви байнулмилалӣ мегӯяд, мақомоти низомии Миср дар амри ҳимоят аз ҳуқуқи инсон “комилан ноком шудаанд.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG