Пайвандҳои дастрасӣ

Порис хостори ташкили "минтақаҳои амниятӣ" дар Сурия шуд


Фаронса хостори таъсиси “минтақаҳои амниятӣ дар Сурия ба хотири дифоъ аз мардуми осоишта” шуд. Ба гуфтаи вазири умури хориҷии Фаронса Ален Жюппе, ин имкон медиҳад, ки мардуми Сурия аз кӯмаки башардӯстона бархурдор шаванд.

Ҳамзамон Жюппе ҳамлаи низомӣ ба Сурия ва ташкили “минтақаи сипар” дар шимоли ин кишварро ғайримумкин хонд. Жюппе Шӯрои милли Сурияро, ки дар хориҷи кишвар фаъолият мекунад, шарики қонунӣ арзёбӣ намуд ва гуфт, ки Фаронса мехоҳад бо он ҳамкорӣ кунад.

Ба иттилоъи СММ, аз шурӯъи намоишҳои оммавӣ бо талаби истеъфои раисиҷумҳури Сурия Башор Асад тақрибан севу ним ҳазор суриягиҳо ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG