Пайвандҳои дастрасӣ

Белятский ба чаҳору ним соли зиндон маҳкум шуд


Имрӯз додгоҳи шаҳри Минск ҳомии ҳуқуқи башари Белорус Алес Белятскийро барои чаҳору ним соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум кард. Белятский дар сарпечӣ аз пардохти андоз айбдор мешавад.

Худи Алес Белятский мегӯяд, ҳама маблағҳоеро, ки аз кишварҳои хориҷӣ мерасиданд, ӯ барои фаъолияти маркази дифоъ аз ҳуқуқи башари “Весна” сарф мекард.

Раиси бахши сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо Кэтрин Эштон ва узви Комиссиюни Аврупо Штефан Фюле аз мақомоти Белорус талаб намуданд, ки ба таври фаврӣ Белятскийро раҳо кунанд.
XS
SM
MD
LG