Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи бархӯрдҳо дар майдони Таҳрири Қоҳира


Дар майдони Таҳрири Қоҳира, пойтахти Миср, шаби гузашта бархӯрд миёни кормандони амниятӣ ва мӯътаризон идома кард. Ба навиштаи хабаргузориҳо, дар канори бинои вазорати умури дохилӣ тирпарронӣ ба вуқӯъ пайваст. Вазорати ҳифзи сиҳати Миср хабар дод, ки дар панҷ рӯзи бенизомиҳо дар пойтахт тақрибан 35 нафар кушта шудаанд.

Тазоҳуроти ахир - бузургтарин баъд аз намоишҳои эътирозии моҳи феврал аст, ки бо барканории раисиҷумҳур Ҳуснӣ Муборак анҷом ёфта буд. Аз замони суқути режими Муборак қудрат дар Миср дар дасти Шӯрои олии низомист. Эътирозгарон аз Шӯрои олии низомӣ талаб доранд, ки қудратро ба мақомоти мулкӣ интиқол диҳад.

Мақомоти Миср изҳор намуданд, ки бо вуҷуди хушунату нооромиҳо рӯзи 28 ноябр дар кишвар нахустин баъд аз барканории Ҳуснӣ Муборак интихоботи парлумонӣ баргузор хоҳад шуд. Ба иттилои шабакаи телевизионии “Ал-Ҷазира”, вазири умури дохилии Миср Мансур Ал-Асавӣ ба мақомоти низомӣ пешниҳод кардааст, ки интихоботро ба таъхир гузоранд.
XS
SM
MD
LG