Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори таҳдидомези Дмитрий Медведев, зоҳиран таваҷҷӯҳеро дар Иёлоти Муттаҳида ҷалб накард.

Бо вуҷуди пурсишҳои батакрори журналистон, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико, Марк Тонер ба изҳороти шадидлаҳни раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар мавриди сипари зиддимушакии ИМА посухи мушаххас надод.

Ин дар ҳолест, ки раҳбари Русия гуфт, маконҳои дифои зиддимушакии Амрико дар қораи Аврупоро ҳадафи мушакҳои худ қарор хоҳад дод.

Медведев мегӯяд, дар ғайри сурати пешрафт дар музокироти масъалаи сипари зиддимушакӣ, Маскав метавонад аз паймони START, ки Русияву Амрико ба хотири коҳиши таслиҳоти стратегӣ имзо кардаанд, хориҷ шавад.

Раҳбари Русия дар паёми телевизиониаш дар мавриди ин масъалаи солҳо боз ҳалношуда бо як лаҳни хеле тундтаре сӯҳбат кард ва гуфт, “ман дар назди нерӯҳои мусаллаҳ таҳияи тадбирҳоеро вазифа гузоштаам, ки дар сурати зарурат тахриби васоили иттилотиву идории барномаи дифои зиддимушакиро таъмин кунанд.”

Медведев ҳушдор дод, ки Маскав то замони дарёфти замонати қонуние, ки сипари зиддимушакии Амрико ба Русия таҳдид намекунад, метавонад мушакҳои навъи “Искандар”-ашро дар вилояти ғарбии бо Иттиҳодияи Аврупо ҳаммарзи Калининград ва ҳамин тавр, дар дигар манотиқи ҷануб ва ғарби кишвар мустақар кунад.



Амрико исрор меварзад, ки ин сипари мушакӣ пешгирӣ аз ҳамлаҳои эҳтимолӣ аз сӯи Эрон ё Куриёи Шимолиро ба ҳадаф дошта, тавони зарба задан ба таслиҳоти Русияро надорад. Сипари мушакӣ, ки эҳдосаш бояд то соли 2020 такмил шавад, истиқрори радарҳо ва боздорандаҳои хушкиву баҳрӣ дар чанд гӯшаи Аврупоро дар назар дорад.

Марк Тонер

Марк Тонер

Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Марк Тонер низ мукарраран гуфт, сипари зиддимушакӣ бар зидди таслиҳоти Русия нест: “Муттаассифона, лаҳни ҷониби Русия тағйир наёфтааст, ҳарчанд мо тайи чандин сол талош кардем, то онҳоро ба ҳамкории созанда дар масъалаи дифоъи мушакӣ ҷалб кунем.”

Сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Амрико Томми Вейтор дар як баёния гуфт, Вошингтон барномаи сипари мушакиашро коҳиш ё тағйир нахоҳад дод. Дабири кулли НАТО Андерс фоғ Расмуссен бо изҳори таассуф аз таҳдиди Русия гуфт, “ба марзҳои ИА кӯчондани мушакҳо бӯи гузашта мекунад ва мухолифи равобити стротегиест, ки НАТО ва Русия ҷиҳати таъқибаш бо ҳам аҳд бастаанд.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG