Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Саркозӣ ва Меркел имрӯз бо Монтӣ мулоқот мекунанд


Сарвазири ҷадиди Итолиё Марио Монтӣ

Сарвазири ҷадиди Итолиё Марио Монтӣ

Сарони Фаронсаву Олмон ва Итолиё имрӯз буҳрони қарзҳои минтақаи евроро баҳс хоҳанд кард. Интизор меравад, раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар нишасти Страссбург ҳимояти худ аз сарвазири ҷадиди Итолиё Марио Монтиро изҳор кунанд. Аммо Фаронсаву Олмон бар сари шеваҳои рафъи буҳрони қарзҳо ихтилофи назар доранд. Дирӯз сармоягузорон аз тарси ин ки ин буҳрон боз ҳам амиқтар хоҳад шуд, аз ширкат дар фурӯши вомҳои Олмон иҷтиноб варзиданд, ки боиси уфти бештари қурби евро дар муқобили доллари Амрико шуд.
XS
SM
MD
LG