Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нирӯҳои НАТО дар Косово бо сербҳо даргир шудаанд


Звечан (Акс аз бойгонӣ)
Звечан (Акс аз бойгонӣ)
Нирӯҳои НАТО дар шимоли Косово бо садҳо серб даргир шуданд. Бино ба хабарҳо, ин нирӯҳо нимашаб дар наздикии шаҳри Звечан барои тахриби баррикадаҳое, ки сербҳо ба хотири пешгирӣ аз касби назорати минтақа аз сӯи мақомоти албании Косово гузоштаанд, ҳаракат карданд. Нирӯҳои НАТО аз гази ашковар кор бурдаанд, вале сербҳо онҳоро маҷбур ба ақибнишинӣ карданд.
НАТо то ҳол ин қазияро ташреҳ накардааст.
Бисёре аз сербҳои сокини шимоли Косово истиқлоли ин кишвар аз Сербистонро, ки соли 2008 эълон шуд, эътироф намекунанд.
XS
SM
MD
LG