Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Шеррӣ" Раҳмон сафири нави Покистон дар Амрико шуд


"Шеррӣ” Раҳмон

"Шеррӣ” Раҳмон

Покистон вакили парлумон ва вазири собиқи иттилооташ Шаҳрбону (“Шеррӣ”) Раҳмонро сафир дар Амрико таъйин кард. Хонум Раҳмон аз аъзои муҳими ҳизби ҳокими Покистон буда, дар Вошингтон Ҳусейн Ҳаққониро иваз хоҳад кард. Ҳаққонӣ ду рӯз пеш дар пайи як ҷанҷол, ки ӯ гӯё дар як ёддошт аз Амрико дар амри коҳиш додани нуфузи низомиҳои Покистон кумак хостааст, истеъфо дод. Ҳаққонӣ ҳар навъ даст доштанаш дар таҳия ё ирсоли ин номаро радд мекунад. Вазорати хориҷаи Покистон ин достонро “комилан тақаллубӣ” хонд.
XS
SM
MD
LG