Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари Яман бори дигар розӣ ба рафтан шуд


Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ зимни имзои муомила бо мухолифинаш дар Риёз

Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ зимни имзои муомила бо мухолифинаш дар Риёз

Раисиҷумҳури Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ ва мухолифинаш дар Риёз- пойтахти Арабистони Саудӣ ба қарордоди таҳвили қудрат дар ин кишвари фақири ҷануби нимқораи Араб имзо гузоштанд. Бар асоси ин қарордоди бо миёнҷигии кишварҳои арабӣ таҳияшуда, Солеҳ дар ивази масуният аз таъқиб раҳбариро ба муовинаш месупорад.
Бо ин ҳол, дар Санъо – пойтахти Яман – тазоҳуроти онҳое идома дорад, ки ин муомиларо радд ва истеъфои билофосилаи Солеҳро талаб мекунанд. Солеҳ 33 сол боз бар Яман ҳукумат меронад.
XS
SM
MD
LG