Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ян Кубиш раҳбари дафтари СММ дар Афғонистон шуд


Ян Кубиш - аз чап

Ян Кубиш - аз чап

СММ вазири собиқи умури хориҷаи Словакия Ян Кубишро раҳбари маъмурияташ дар Афғонистон таъйин кард. Кубиш аз 1 январ дар ин симат дипломати швед Стаффан де Мистураро иваз мекунад. Ӯ дар шароите ба Кобул меравад, ки Амрикову кишварҳои дигар ба хуруҷи нирӯҳои худ аз Афғонистон оғоз мекунанд, вале мизони муқовимати Толибон, тавре ба назар мерасад, коҳиш наёфтааст. Ян Кубиш дар солҳои 90 чанд муддат раҳбари дафтари сулҳи СММ дар Тоҷикистон буд.
XS
SM
MD
LG