Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти раиси вилоят бо Муҳаммадюсуф Исмоилов


Муҳаммадюсуф Исмоилов
Муҳаммадюсуф Исмоилов
Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо хабарнигори аштӣ Муҳаммадюсуф Исмоилов ва вакили мудофеъи ӯ Муҳаббат Ҷӯраева мулоқот кард. Хонум Ҷӯраева ба “Азия Плюс” гуфтааст, ки раиси вилоят таъсиси як куммиссиюни вижа ҷиҳати таҳқиқи мавридҳои тақсими ғайриқонунии замин дар ноҳияи Аштро ваъда супурдааст. Исмоилов, ки аз Ашт барои нашрияи мустақили “Нури зиндагӣ” гузориш медод, як сол пеш бо ҷароими тӯҳмату таҳқир, маҳалгароӣ ва тамаъҷӯӣ боздошт шуд. Вале дар моҳи октябр таҳти фишори созмонҳои маҳалливу байналмилалии дифоъ аз озодии матбуот танҳо ба пардохтани ҷарима ба маблағи 35 000 сомонӣ маҳкум шуда, аз боздошт раҳо ёфт.
XS
SM
MD
LG