Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

24 ноябр - Рӯзи Сипос ва Рӯзи Парчам


Милаи 165-метрии Парчами Тоҷикистон
Милаи 165-метрии Парчами Тоҷикистон
Имрӯз, 24 ноябр, халабони аз зиндони Тоҷикистон раҳоёфтаи рус Владимир Садовничий ба Маскав бар хоҳад гашт. Халабони дуввум Алексей Руденко шоми дирӯз тарки Душанбе кардааст. Имрӯз раиси парлумони Аврупо Йержи Бузек ба Туркия сафар мекунад. Созмони Тransparency International имрӯз исми барандаи ҷоизаи солонаашро эълом хоҳад кард. Имрӯз дар Амрико аз Рӯзи сипос ҷашн хоҳанд гирифт. Ва 24 ноябр Тоҷикистон Рӯзи Парчами миллиашро таҷлил мекунад. Парчами кунунии кишвар 24 ноябри соли 1992 тасвиб шуда буд.
XS
SM
MD
LG