Пайвандҳои дастрасӣ

Сулҳи пинҳонии генерал Тағоймуродов ва "Азия-Плюс"


Генерал Анвар Тағоймуродов

Генерал Анвар Тағоймуродов

Даъвои додгоҳии генерал Анвар Тағоймуродов бо нашрияи русизабони "Азия-Плюс" бо мусолимат анҷом ёфт.

Ҷонибҳо ба созиш расиданд, ки ҷанҷоли пурғавғоро бе сару садо ва ба шарти пахш накардани иттилоъ дар бораи фарҷоми парванда хотима диҳанд. Ин дар ҳолест, ки сардори пешини Раёсати ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД ва ҳоло муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон, Анвар Тағоймуродов, нашрияро барои мақолае роҷеъ ба шиканҷа ба додгоҳ кашида ва талаб кард, барои зарба ба шаъну шарафи муассисаи ӯ нашрия ва муаллифи матлаб 1 миллион сомонӣ ҷубронпулӣ бипардозад.

Ҳоло маълум мешавад, ҷаноби Тағоймуродов аз даъвои худ ва ҳам 1 миллион сомонӣ даст кашидааст. Ба қавли Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи рӯзномаи «Азия-Плюс», ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ҳанӯз дар моҳи октябр ва бинобар даст кашидани генерал Тағоймуродов аз даъвояш содир шуд ва дар таърихи 10 ноябр ба тасвиб расид. Аммо дар мавриди фарҷоми ин баҳси пурсарусадо бино бар шарти мусоҳила то кунун ҳеҷ расона иттилоъ надодаст.

Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеъ

Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеъ

Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи “Азия-Плюс”: «Яъне Анвар Тағоймуродов аризаи худро пас гирифт ва аз даъвои худ даст кашид ва тарафҳо ба ин шароити мувофиқат намуданд. Ва дархости намояндаи Анвар Тағоймуродовро додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ба эътибор гирифта ва онро аз идомаи баррасӣ боздошт. Як талаби онҳо ин буд, пас аз қатъ намудани аризаи даъвогӣ, набояд ҳафтаномаи «Азия плюс» дар саҳифаҳои худ аз ин пешниҳоди ҷониби даъвогӣ хабар ё мақола менавишт ё ба расонаҳо хабар медод.»

Ҳамин тавр ҳафтаномаи “Азия Плюс” бо риояи ин шарти муросо дар робита ба натиҷаи баҳси худ бо Генерал Тағоймуродов, аз пахши хабар худдорӣ кардааст.

Баъд аз чопи матлаби Рамзия Мирзобекова, хабарнигори “Азия-Плюс” таҳти унвони "Бозрасӣ ё инкивизитсия ?" Рамзия Мирзобекова, хабарнигори Азия Плюс

Рамзия Мирзобекова, хабарнигори Азия Плюс

​дар таърихи 21-уми декабри соли гузашта дар мавриди истифода аз шиканҷа дар ниҳодҳои интизомӣ, Анвар Тағоймуродов сардори пешини Раёсати ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД ва ҳоло муовини вазири умури дохилӣ ин нашрияро ба "тавҳину бӯҳтон" муттаҳам кард.

Анвар Тағоймуродов, нашрия ва муаллифи мақола Рамзия Мирзобековаро барои паст задани шаъну шараф ба додгоҳ кашид ва1 миллион сомонӣ ҷубронпулӣ талаб кард.

Намояндагии Анвар Тағоймуродовро дар ин баҳси додгоҳӣ ҷаноби Коров аз сӯҳбат бо радиои Озодӣ даст кашида ва заминаҳои расидан ба созишро ошкор накард.



Ҳамин тавр рӯшан нест, ки чаро Анвар Тағоймуродов аз даъвои худ гузашт. Вале бархе бо ишора ба ду куштори ахири боздоштшудаҳо дар идораҳои пулиси шаҳри Душанбе, ҳалокати Сафаралӣ Сангов дар идораи пулиси Сино-1 ва Баҳромиддин Шодиев дар идораи пулиси Шоҳмансур мегӯянд, агар “Азия Плюс” ба додгоҳ ҳам мерафт, ҳамин ду ҳодиса кофӣ буд, ки истифодаи шиканҷа дар боздоштгоҳҳо собит шавад.

Генерал Анвар Тағоймуродов

Генерал Анвар Тағоймуродов

Генерал Тағоймуродов дар авҷи баҳсҳои додгоҳиву матбуотӣ бо “Азия-Плюс” аз мақоми раҳбари Раёсати ҷиноятҳои созмонёфта ба мақоми баландтар -- ноиби вазири корҳои дохилӣ гузашт.

Рӯзноманигорон мусолиҳаи додгоҳии ҳафтаномаи "Азия Плюс" бо намояндаи аршади ниҳоди қудратиро ба гунаҳои мухталиф шарҳ медиҳанд.

Намояндаи Анҷумани миллии расонаҳои озоди Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Воҳидов аз поёни ин баҳс истиқбол мекунад ва мегӯяд, ки бинобар мустақил набудани додгоҳҳои Тоҷикистон ва он, ки баҳсҳо одилона сурат намегиранд, хуб аст, ки ин даъво бо некӣ ба охир расид: «Дар акси ҳол агар шахси мансабдори ҳукумат, масалан Тағоймуродов ба даъвои худ идома медод, шояд дастболо ҳам мешуд, вале ин ки чунин тасмим гирифт, дуруст аст.»

Вақте ки Анвар Тағоймуродов ҳафтаномаи «Азия Плюс»-ро ба тавҳину тӯтҳмат мутаҳам мекард, масъулони ин нашрия мегуфтанд, ки санадҳои катбиеро барои собит кардани истифода аз шиканҷа ва бадрафторӣ аз сӯи кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар даст доранд.

Фазлиддин Асоев, хабарнигори тоҷик

Фазлиддин Асоев, хабарнигори тоҷик

Рӯзноманигори тоҷик Фазлиддин Асоев бар ин аст, ки агар рӯзноманигори “Азия Плюс” ба таври ҳирфаӣ мавзӯи шиканҷро инъикос намекард ва ба ишттибоҳҳо роҳ медод, шояд тарафи даъвогар ба муросо намерафт: «Ин мақомдор чун натавонист далелҳоеро, ки пештар таъкид мекард, собит кунад ба чунин тасмим расид, ки роҳи мусолиҳаро пеш гирад. Фикр мекунам, ки агар рӯзноманигор Рамзия Мирзобекова -- муаллифи мақола ба хатогиҳо роҳ медод, генерал ҳаргиз гузашт намекард.»

Дарвоқеъ дар баҳсҳои додгоҳие, ки мақомдорони ҳукумати Тоҷикистон ва ё вазоратхонаҳои ин кишвар бо нашрияҳои мустақил пеш мебаранд, кӯшиш мекунанд “обрӯи рехта”- и худро бо эълони маблағҳои ҳангуфти даъвоӣ ҷуброн кунанд. Онҳо аз маблағҳое сӯҳбат мекунанд, ки ягон нашрия дар Тоҷикистон тавони пардохташро надорад. Дар ду-се соли охир нашрияҳояи мустақили Тоҷикистон “Фараж”, “Миллат”, “Озодагон” ва “Пайкон” дар заминаи мақолаҳои интиқодии худ мавриди баҳсҳои додгоҳӣ қарор доштанд. Дар аскари ҳолатҳо даъвогарон идораҳои давлатӣ буданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG