Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юлия Тимошенко баъди муоина ба зиндон баргашт


Юлия Тимошенко, нахуствазири собиқи Украинаро, баъди муоинаи тиббӣ дар бемористон, дигарбора ба зиндон баргардонидаанд. Маъмурони зиндон гуфтанд, ки баъди шикояти Юлия Тимошенко аз вазъи сиҳатиаш ӯро ба бемористони берун аз зиндон бурданд ва чун табибон беморие хатарноке дар ӯ наёфтанд, ба зиндон баргардонда шуд. Тарафдорони хонум Тимошенко мегуфтанд, ки ӯ бинобар беморӣ аз бистараш баланд шуда наметавонад. Юлия Тимошенко моҳи октябр бо гуноҳи сӯистифода аз мақом ва имзои созишномаи зиёновар барои Украина бо Русия ба ҳафт соли зиндон маҳкум шуд. Аммо ӯ тамоми иттиҳомотро рад мекунад ва мегӯяд, Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина ва рақиби пешинаш аз ӯ бо ҳамин роҳ ниқор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG