Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи бархӯрди тазоҳургарони мисрӣ бо пулис


Бино ба гузоришҳо, имрӯз ҳам маъмурони пулис бо тазоҳургарон дар майдони Таҳрир дар маркази шаҳри Қоҳира бархӯрд карданд. Бо вуҷуди ваъдаи артиши Миср барои ҳарчӣ зудтар дар ихтиёри ҳукумати ғайринизомӣ гузоштани қудрат ҳазорон нафар дар майдони мазкур мондаанд. Маршал Ҳусейн Тантовӣ, раҳбари Шӯрои низомии ҳоким бар Миср рӯзи сешанбе аз тариқи телевизион ваъда дод, ки интихоботи раиси ҷумҳур зудтар ва дар нимаи аввали соли 2012 баргузор хоҳад шуд. Шӯрои низомӣ, ки баъди суқути раиси ҷумҳури пешин Ҳуснӣ Муборак, моҳи феврал қудратро ба даст гирифт, гуфта буд, то охири соли 2012 ё 2013 зимоми ҳукуматро дар даст хоҳад дошт. Аммо гузаштҳои дирӯзаи шӯро тазоҳургаронро қонеъ накард, ки талаб доранд, ҳукумат фавран ба дасти шӯрои муваққатии ғайринизомӣ супурда шавад. Аз рӯзи шанбе то кунун дар бархӯрди тазоҳургарон бо маъмурони пулис 30 нафар ҷон додаанд.
XS
SM
MD
LG