Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди СММ аз заъфи Афғонистон дар иҷрои як қонун


Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ҳукумати Афғонистон ба иҷрои қонуне, ҳадафи он ҳифзи занон аз озору азият, аз ҷумла таҷовуз, издивоҷи маҷбурӣ аст, ҳанӯз муввафақ нашудааст. Дар як гузориши вижа дар ин бора омадааст, танҳо дарсади бисёр ками парвандаҳои хушунат алайҳи занон баррасӣ мешавад ва аз моҳи марти соли 2010 то соли 2011 додситонҳо дар ин замина танҳо 594 парванда боз кардаанд. Агарчӣ Кумиссиёни ҳуқуқи башари Афғонистон тақрибан 2300 чунин парвандаро сабт кардааст. Афғонистон ду соли пеш барои коҳиши хушунату зӯроварии густурда алайҳи зан дар ин кишвар Қонун дар бораи маҳви хушунат алайҳи занонро қабул карда буд.
XS
SM
MD
LG