Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти муҳоҷирон дар Русия идома хоҳад кард


Тафтиши асноди муҳоҷирони тоҷик дар сохтмоне дар Маскав.

Тафтиши асноди муҳоҷирони тоҷик дар сохтмоне дар Маскав.

Мақомоти Русия мегӯянд, ки амалиёти боздошти муҳоҷирони ғайриқонунии тоҷик идома хоҳад кард.

Ба гуфтаи Константин Ромадановский, раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, амалиёт дар ҳоле идома хоҳад кард, ки дар боздоштгоҳҳои муваққат барои шаҳрвандони хориҷӣ 1700 нафар нигаҳ дошта мешаванд, ки сеяки онҳо шаҳрвандони Тоҷикистонанд.

Расонаҳои Русия низ гуфтаанд, раҳоии халабонон ба ҷараёни боздошту ихроҷи муҳоҷирони тоҷик таъсир нахоҳад гузошт. Хабаргузории Интерфакс бо такя ба як манбаи огаҳ дар Маскав навиштааст, қарори додгоҳ дар мавриди он афроди хориҷӣ, ки ба таври ғайриқонунӣ дар қаламравӣ Русия будубош доранд амалӣ хоҳад шуд.

Ин манбаъ афзудааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин росто истисно нахоҳанд буд ва муҳоҷирони ғайриқонунии тоҷик низ аз қаламрави ин кишвар ихроҷ хоҳанд шуд.

Сухангӯи Хадамоти федероли муҳоҷирати Русия Залина Корнилова ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ин кори ҳаррӯзаи хадамот аст. Оре, мо шаҳрвандони Тоҷикистонро бозошт кардаем. Вале ҳамчунин шаҳрвандони Узбакистон, Қирғизистон, Молдоваро низ боздошт мекунем. Мо касеро аз рӯи мансубияташ ба қавми миллат боздошт намекунем, агар шаҳрванди хориҷӣ қавонини муҳоҷирати Русияро нақз карда бошад, бозпурсӣ мешавад ва алайҳи ӯ аз чораҳои шадид – то ихроҷ аз хоки Федератсияи Русия андешида хоҳад шуд. Албатта, бо ҳукми додгоҳ."



Хонуми Корнилова бар ин аст, ки расонаҳои ахбори ом бидуни далел ин масъаларо сиёсӣ кардаанд, ҳол он ки як Залина Корнилова, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Русия.

Залина Корнилова, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Русия.

фаъолияти муқаррарии Хадамоти федероли муҳоҷирати Русия аст. Ин дар ҳолест, ки боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон баъд аз изҳороти раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев зимни дидори ӯ бо раиси Хадамоти федероли муҳоҷирати Русия Константин Ромадановский оғоз ёфт.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон боздошти махсус ва интихобии шаҳрвандони Тоҷикистон ва ихроҷи онҳоро шадидан интиқод карданд ва ин маъаракаро ба ҳукми додгоҳи Тоҷикистон дар мавриди ду халабони рус -- Владимир Садовничий ва Алексей Руденко бастагӣ доданд. Президент Медведев дертар пайванди замонии ду рӯйдодро "як тасодуф" унвон кард.

Аммо Залина Корнилова тайид кард, ки ихроҷ як раванди тӯлонӣ ва мушкил аст – хориҷиён тайи даҳ рӯз баъд аз ҳукми додгоҳ аз кишвар берун карда мешаванд ва то ин вақт онҳо ҳаққи аз болои ҳукми додгоҳ шикоят бурданро доранд. Ба гуфтаи ӯ, Маскав аз он шаҳрвандоне, ки ба Русия омада ба таври қонунӣ кору зиндагӣ мекунанд, истиқбол менамояд,

Раиси созмони "Этмос"-и муҳоҷирони тоҷик дар Русия, Каримҷон Ёров, ба Радиои Озодӣ мегӯяд, ки баъд аз раҳоии халабонҳо Садовничий ва Руденко низ таъқиби муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия коҳиш наёфтааст ва чун пештара дар хиёбону метро ва дар иншоотҳои сохтмонӣ асосан соҳибони шиносномаи тоҷикиро боздошт мекунанд. Вай меафзояд, ҳамчунин ҳеҷ як аз онҳое, ки дар ин рӯзҳо ноҳақ боздошт шудаанд, раҳо нагаштааст: "Хадамоти муҳоҷирати Русия ба онҳое, ки бо вуҷуди дуруст будани аснодашон боздошт шудаанд гуфтааст, дар ин бора ба додгоҳ ариза диҳанд ва агар додгоҳ аз онҳо ҳимоят кунад, мумкин аст, ба ҷойҳои кори қаблияшон барқарор шаванд."



Шумораи чунин боздоштшудаҳо дақиқ нест, ҳамчунон теъдоди умумии онҳо, ки байни 450 то 1500 нафар дар сартосари Русия ҳадс зада мешавад. Боздоштҳои умумии тоҷикон замоне иттифоқ афтод, ки раиси ҷумҳури Русия гуфт, кишвараш муҳоҷирони ғайриқонуниро аз қаламраваш ихроҷ хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ҷаноби Ёров, шаҳрвандони тоҷики муқими Маскав бештар аз изҳороти ахири раиси Хадамоти беҳдоштии Русия Геннадий Онишенко дар бораи ба маризиҳои СПИД ва сил мубтало будани муҳоҷирони кории тоҷик нороҳату нигарон шудаанд: “Рӯзи 18 ноябр дар нашрияи “Мой район-Центp” аз қавли Онишенко навиштанд, ки соли гузашта аз Русия 188 шаҳрванди Тоҷикистон хориҷ шуданд – 40 нафар бо далели СПИД ва 103 нафар бо сабаби мутбалоӣ ба бемории сил. Ин дурӯғи маҳз аст.”

Каримҷон Ёров меафзояд, аввалан, таҳқиқоти Созмони ҷаҳонии беҳдошт баёнгари он аст, ки сатҳи бемориҳои СПИД ва сил дар Тоҷикистон назар ба бештари кишварҳои Ҷомеаи ҳамсуд пойинтар аст ва аз сӯи дигар, тоҷикон асосан дар Русия ба маризиҳои СПИД ва сил мубтало мешаванд. Раиси созмони “Этмос” мегӯянд, ки онҳо мехоҳанд ҳафтаи оянда, агар шаҳрдории Маскав иҷоза диҳад, дар канори дафтари Геннадий Онишенко як гирдиҳамоии эътирозӣ доир кунанд.

Бархе аз таҳлилгарони рус бар инанд, ки қартаи муҳоҷирони кории тоҷик ҳадди аққал то интихоботи нави Думаи давлатии Русия, ки қарор аст 4 декабр баргузор шавад, дар чархиш хоҳад буд. Иддае дигар мутмаинанд, ки таъқиби муҳоҷирони корӣ то баргардонидани ду ҳавопаймои мусодирашуда ба Русия идома хоҳад кард.

Артем Улунян

Артем Улунян

Ва аммо коршинос Артем Улунян мегӯяд, ки ба ин зудиҳо хатм шудани ин қазияро набояд интизор шуд. Аз нигоҳи ӯ, солҳои охир Маскав аз баъзе амалҳои Душанбе изҳори нороҳатӣ мекунад, зеро раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар посух ба талошҳои Русия барои тақвияти ҳузураш дар ин кишвар аз як сӯ дар андешаи дарёфти мафод ва манфиат барои Тоҷикистон аст ва аз аз сӯи дигар ҳарчӣ бештар ба ҳамкорӣ бо Эрон ва кишварҳои ғарбӣ бартарӣ медиҳад.

Коршинос меафзояд, ки Маскав аз ин фишанг, яъне фишор ба муҳоҷирони корӣ аз ин баъд ҳам истифода хоҳад бурд. Ба гуфтаи ӯ, “Маскав метавонад ин фишангро, ки солҳо боз дар ихтиёраш аст, аз ин баъд ҳам истифода кунад ва ин на фақат ба Тоҷикистон, балки ба дигар кишварҳое, ки теъдоди зиёди шаҳрвандонашон дар Русия дар муҳоҷирати кориянд, низ дахл дорад. Яъне, ин мавзӯъ на фақат бо интихобот ба Дума бастагӣ дорад, балки он мустақиман бо сиёсати Русия дар Осиёи Марказӣ ҳам рабт мегирад.”

Ба иттилоъи сафорати Русия дар Тоҷикистон, тайи ду ҳафтаи ахир 67 тан аз шаҳрвандони кишвар аз Русия берун карда шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG