Пайвандҳои дастрасӣ

Майдони Таҳрир пешниҳодҳои Тантовиро радд кард


Тазоҳурот дар майдони Таҳрир

Тазоҳурот дар майдони Таҳрир

Ҳазорон эътирозгари ҷамъшуда дар майдони Таҳрири Қоҳира гузаштҳои ахири ҳокимони низомии Мисрро радд карданд. Раҳбари Шӯрои олии низомии Миср фелдмаршал Ҳусейн Тантовӣ дар як паём гуфт, интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ дар нимаи аввали соли оянда доир хоҳад шуд. Тантовӣ гуфт, низомиҳо омодаанд мавзӯъи таҳвили билофосилаи қудрат ба як ҳукумати мулкиро ба раъйпурсӣ гузоранд. Аммо тазоҳургарон ин пешниҳодҳоро бо нидоҳои “Истеъфо” истиқбол карданд. Талаби асосии аҳли майдон аз низомиҳо таҳвили қудрат аст. Тайи 4 рӯзи хушунатҳо дар Миср дастикам 24 кас кушта шуд.
XS
SM
MD
LG