Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тимошенкоро берун аз зиндон табобат хоҳанд кард


Тимошенко дар зиндон
Тимошенко дар зиндон
Раисиҷумҳури Украина Виктор Янукович баъди мулоқот бо ҳамтои литвониаш Далия Грибаускайте дар Киев гуфт, сарвазири собиқ Юлия Тимошенко то 2 рӯзи оянда берун аз маҳбас табобат хоҳад гирифт. Ин изҳорот дар пасманзари нигарониҳои афзоянда дар бораи вазъи сиҳҳати раҳбари мухолифини Украина садо дод. Додгоҳ дар моҳи август Тимошенкоро бо ҷурми сӯъиистифода аз мақом ба 7 соли зиндон маҳкум кард. Дирӯз зимнан солгарди ҳафтуми “инқилоби норанҷӣ” буд, вале нирӯҳои амниятӣ монеъи таҷаммӯъи чандсад тазоҳургар дар майдони Истиқлоли Киев шудаанд.
XS
SM
MD
LG