Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Истеъфои ҷанҷоломези сафири Покистон дар Амрико


Сафири Покистон дар Амрико гуфт, ба далели шоеъот дар бораи даст доштанаш дар қазияи дархости кумак аз Амрико барои назорати низомиёни пурнуфузи Покистон истеъфо медиҳад. Ҳусейн Ҳаққонӣ ҳар навъ даст доштанаш дар таҳия ё ирсоли ин ёддоштро радд мекунад. Баъди он ки "Financial Times" дар моҳи октябр дар матлабе ин масъаларо доман зад, Ҳаққониро ба Исломобод фаро хондаанд. Вазорати хориҷаи Покистон ин достонро “тақаллуби комил” номид.
XS
SM
MD
LG