Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тантовӣ чанд талаби эътирозгаронро пазируфт


Фелдмаршал Тантовӣ
Фелдмаршал Тантовӣ
Ҳокимони низомии Миср эълон карданд, ки интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ дар поёни моҳи июн доир хоҳад шуд. Раҳбари Шӯрои олии нирӯҳои мусаллаҳи Миср фелдмаршал Муҳаммадҳусейн Тантовӣ гуфт, ӯ истеъфои кобинаро ҳам пазируфт ва интихоботи парлумон дар вақташ – 28 ноябр – баргузор хоҳад шуд. Тантовӣ гуфт, агар мардум талаб кунад, онҳо омодаанд мавзӯъи таҳвили билофосилаи қудрат аз низомиҳо ба як ҳукумати мулкиро ба раъйпурсӣ гузоранд. Бо ин ҳол, тазоҳуроти даҳҳо ҳазор мардум дар майдони Таҳрири Қоҳира идома дорад. Талаби асосии онҳо аз низомиҳо таҳвили қудрат аст. Тайи 4 рӯзи хушунатҳои ахир дар Миср дастикам 24 кас кушта шуд.
XS
SM
MD
LG