Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як араб бо гумони қочоқи шоҳин дар Бишкек


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ
Як шаҳрванди Имороти Муттаҳидаи Араб дар фурудгоҳи Манаси Бишкек бо иттиҳоми қасди қочоқи паррандагони нодир боздошт шуд. Сухангӯи фурудгоҳ Ҷипар Исроилова гуфт, аз ҷомадони ин мусофир чанд шоҳини шикорӣ ёфт шудааст. Ин навъи шоҳин нодир буда, таҳти ҳимояти қонун қарор дорад. Мардуми ашроф дар халиҷи Форс аз ин навъи шоҳин дар шикор истифода мебаранд. Қимати як шоҳини аврупоӣ дар бозори Қирғизистон 10-15 000 доллар гуфта мешавад.
XS
SM
MD
LG