Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳосили пахта ба 412 000 тонна расидааст


Хоҷагиҳои пахтакори Тоҷикистон то имрӯз 412 000 тонна пахта ҷамъ овардаанд, ки муодили 105 дарсади нақшаи имсола аст. Нақшаи солона ин бор ҳанӯз дар поёни моҳи октябр иҷро шуд. Дар вазорати кишоварзӣ ба “Азия Плюс” итминон додаанд, ки ҳосили имсола аз марзи 420 000 тонна хоҳад гузашт. Пахта баъди алюминий дуввумин маҳсулоти умдаи содиротии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG